sebiston july new
Аждаркелинро Худо зад Қисми 1
2254

 

Хуршеду Муҳайё гӯё ҳамдигарро дӯст дошта, мисли Лайлию Маҷнун бо ишқу ошиқӣ хонадор шуда буданд, вале тинати аслии ҳамсарашро ҷавон танҳо баъди он ки дар шиносномаҳояшон муҳри никоҳ гузошта шуда, зиндагии муштаракро шурӯъ карданд, фаҳмид.

Замони ошиқиашон Муҳайё худро духтари чеҳракушодаву замонавӣ нишон медод ва Хуршед волаи ҳусну ҷамолаш гашта, волидонашро бо сад орзуву умед ба хонаи онҳо ба хостгорӣ фиристод. Бечора падару модараш “дили писарамон нашиканад” гуфта, сарфу хароҷоти бисёре карда, чунон тӯйи бошукӯҳ ростанд, ки таърифаш як соли дароз дар забони мардум буд, аммо баъди тӯй маълум шуд, ки келини бо баҳои зар овардаашон дар асл қади як арзан ҳам арзиш надоштааст.

Чашми ошиқ кӯр аст

Хуршед ҷавони хушқаду қомати чашму абрӯсиёҳ, бар зами ин, аз оилаи зиёӣ буд. Ӯ донишгоҳро аъло хатм карду устодонаш маслиҳат доданд, ки бо кори илмӣ машғул шавад, аз ӯ олими хуб мебарояд. Падару модараш низ ҷонибдори ҳамин фикр буданд ва Хуршед баъди гирифтани дипломаш ба аспирантура дохил шуда, аз паси навиштани рисолаи номзадӣ шуд. Ин ҷавони боҳуш ва зебову донишманд дар баробари кори илмӣ дар донишгоҳ дарс медод ва бар замми ин, шогирдони зиёде дошт, ки ба онҳо забони англисиро ёд медод. Духтарони нозанини зиёде пинҳонӣ дар ҳасрати ин йигити зебо месӯхтанд, аммо “чашми ошиқ кӯр аст” гуфтагӣ барин, Хуршед ба доми ишқи Муҳайёи маккора афтида, оламу одамро аз ёд бурд ва падару модараш бо садҳо умеду орзуи арӯси хушкардаи писарашонро келин карданд, вале...

Арӯси эрка

Муҳайё баъди ба ин хонавода келин шуда омадан, ба Хуршед ва пайвандони ӯ симои аслиашро нишон дода, касе на як зарра писанд мекард, на манзур. Одатан келинҳо субҳи саҳар аз хона бархоста хонаву ҳавлӣ мерӯбанд ва барои аҳли оила ноништа тайёр мекунанд, вале ин арӯси мағруру танбал то нисфирӯзӣ фаххос зада хоб мерафту баъд бо чашмони бар асари бисёр хобидан варамкарда аз хона баромада, як соати дигар шустушӯю рангу бор мекарду сари дастурхон менишаст ва як зарра ҳам шарҳ надошта, хӯроки пӯхтаи модаршӯяшро мехӯрд. Шикамаш, ки сер шуд, боз ба хона медаромад ва соатҳо рӯйи диван дароз кашида, телевизор тамошо мекард. Бо дидани рафтори келин хун ба сари модари Хуршед занад ҳам, чизе намегуфт, зеро ӯ як зани босаводу бомаърифат буда, аз ҷангу ҷанҷол кардан шарм медошт. Волидони Хуршед гумон доштанд, ки бо мурури замон келин ба хонаи онҳо одат мекунад ва ҳушаш ба сараш зада, аз паси зиндагӣ мешавад, аммо аз байн 5 сол гузашту келини эрка ҳеҷ одам нашуд, ки нашуд...

Келин не, аждар

Дар ин миён Муҳайё пай дар пай як духтару як писари гул барин зеборо ба дунё овард, вале баъди модар шудан ҳам ақлаш ба сараш назад. Акнун бо баҳонаи кӯдакон ӯ дигар ҳатто либосҳои шавҳарашро низ шуста дарзмол намекард. Модари Хуршед роҳбари як идораи бонуфуз бошад ҳам, худаш субҳи барвақт бархоста, мисли келинчак барои аҳли оила субҳона тайёр мекард, хӯроки нисфирӯзиро пухта мемонд ва бегоҳ баъди кор барои шом ягон таоми бомазза пухта, то як поси шаб хона меғундошту сару либоси шавҳару фарзандонашро шуста дарзмол мекард, келин бошад аз ҳуҷраи хобаш танҳо барои хӯрок хӯрдан ё ҳоҷати дигар мебаромаду халос.

       Муҳайё бар замми танбалиаш бисёр ҷавонзани дағалгуфтору морзабон буда, меҳмонро чашми дидан надошт. Модару хоҳарони худаш оянд, якбора чаққон шуда, гули чизро пешашон мегузошт ва аз Хуршеду модараш напурсида, аз тарабхона хӯрданиҳои гуногуни бомазза фармоиш медод, вале хешу табори шавҳараш аз дар дароянд, табъаш вайрон шуда, ба ғур-ғур сар мекард. Вай он қадар беҳаё буд, ки агар хушдоманаш дар хона набошад, аз дами дар “Он кас нестанд”гӯён, дарро ба рӯйи меҳмон шараққосзанон мепӯшид. Аз ҳамин сабаб дар ғайбаш ба Муҳайё “Аждаркелин” лақаб гузошта буданд.

Нони ҷудоӣ

Аз зебони тез ва найрангҳои келини эркаю танбалашон безор шуда, волидони Хуршед маҷбур шуданд, ки хонаи алоҳида харида, зиндагии писарашонро ҷудо кунанд. Онҳо умед доштанд, ки баъди ҷудо кардани рӯзгорашон келин маҷбур мешавад сарриштаи рӯзгорро ба даст бигирад, аммо ин хаёлашон ҳам хом баромад. Муҳайё баъди ба хонаи нав кӯчидан дар як боғчаи бачагона ба кор даромад ва шавҳарашро маҷбур кард, ки барои анҷом додани кору бори хона хизматгор бигирад. Хуршед дар ин миён рисолаи номзадиашро ҳимоя намуда, дар як ташкилоти хориҷӣ фаъолият мекарду даромади хуб дошт ва хоҳиш ҳамсарашро ба замин нагузошта, хизматгор киро кард, аммо...

Танбалхонум

Акнун Муҳайё мисли малика шоҳона мезисту дасташро ба оби сард намезад. Ӯ ҳар саҳар як соат дар назди оина нишаста, худро орою торо медод ва ҳатто ҳавсала намекард, ки ақаллан барои кӯдаконаш ягон чиз пазад. Ба таъкидҳои шавҳараш дар боби он ки саҳар кӯдакон бояд ҳатман хӯрок хӯранд, бидирросзанон ҷавоб медод, ки бачаҳои онҳо дар беҳтарин боғчаи бачагона тарбият мегиранд ва ҳар моҳ барои парастории кӯдаконашон пули калон медиҳанд. “Мураббияҳо дарза-дарза пулро мегиранд-ку, бизгор нонашонро ҳалол карда, шиками кӯдаконро сер кунанд, сару рӯяшонро шӯянд, нигоҳубин кунанд, охир мо барои ҳамин ба онҳо пул медиҳем” мегуфт ин зани шаттоҳу танбал ва фарзандонашро бо шиками гурусна ба боғча равон мекард.

Бахт дар зани беҳунар

Хуршед аз рафтори беақлонаи занаш ба ҷон расида, намедонист чӣ тавр Муҳайёро одам кунад. Ин марди бо нангу номус барои аҳли оилааш тамоми шароитҳоро фароҳам оварда, ба зану кӯдаконаш гули чизро мехӯронду гули чизро мепӯшонд, аммо зани бефаросаташ ба қадри чунин марди кордону босавод намерасид. Зани дигар мебуд, чунин шавҳарро тори сар карда, намемонд, ки гарде ба танаш шинад, вале Муҳайё тамоман парво надошт, ки шавҳараш чӣ мехӯраду чӣ мепӯшад, ба вай Хуршед не, фақат пулу молаш даркор буду халос. Пас аз он ки ба хонаи алоҳида кӯчиданд, либосҳои Хуршедро фақат хизматгорзан шуста тамиз мекард, хӯроки субҳонаю нисфирӯзиро бошад, доим дар ягон ошхона, қаҳвахона ё тарабхона мехӯрд. Муҳайё ҳатто ҳавсала намекард, ки ақаллан барои шом ягон хӯроки бомаза пазад, таоми пухтааш ҳатман шӯр ё бенамак буда, аз диданаш дили кас ғаш меовард.

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД