Донистани қадри ҳамсояю ҳамсоядорӣ аз қадимулайём барои мардуми мо ҳамчун суннат қабул шуда буд ва дар шариати Ислом низ дар ин маврид борҳо таъкид шудааст. Беҳуда нагуфтаанд, ки “аз хеши дур ҳамсояи наздик беҳтар аст”. Аммо баъзан ҳолатҳое мешаванд, ки инсон намедонад чӣ кор кунад. Масалан, гирем моҷарои оилавии байни зану шавҳарро дар хонаи ҳамсоя. Кас намедонад,ки дар ин маврид чӣ кор кунад.
Ба наздикӣ ҳамсоями девордармиёни мо бо занаш сахт моҷаро кард. Аз паси девор овози баланди онҳо, ки ҳамдигарро ҳақорат медоданд, шунида мешуду маълум буд, ки занозанӣ ҳам доранд. Чун мардаки ман дар хона буд, ӯро даъват кардам, ки рафта онҳоро аз ҳам ҷудо кунад. Аммо ӯ ба ман бо табассум сухане гуфт, ки то ҳол аз гӯшам нарафтааст: “Ҳе занаки беақле... Охир намедонӣ, ки ба ҷанги зану шавҳар остонаи дари хона хандидааст...”.
Ба маънои суханони ӯ сарфаҳм нарафтам ва ӯ шарҳ дод: “Пас аз ним соати дигар мебинӣ, ки онҳо бо ҳам оштӣ кардаанд ва агар ман ё каси дигар дахолат кунем, онҳо як мешаванду ману ту дар назди ҳарду забонкутоҳ...”
Воқеан, қарибии бегоҳ дидам, ки ҳарду сару дастурхон карда, куҷое ба меҳмонӣ равон шуданд. Аммо агар то оштӣ шудан ҳамдигарро маъюб мекарданд чӣ? Он гоҳ “остонаи хона” гиря мекард? Пас, дахолат кардан дар моҷарои байни ду ҳамасар дахолат кунем ё на? Андеша шумо дар ин бора чист?
Салима САФАРОВА,
сокини шаҳри Бохтар