Дастаи «Холштайн Кил» аз Лигаи дуюми Бундеслигаи Олмон ба дифоъгари мунтахаби Тоҷикистон Зоир Ҷӯрабоев пешниҳод ирсол кардааст. Гуфта мешавад, ки шартнома ба муҳлати 2+1 сол буда, аз 1-уми январи соли 2026 оғоз меёбад.
Айни ҳол Ҷӯрабоев дар тими «Суғдиёна»-и Ӯзбекистон бозӣ мекунад. Қарордоди ӯ бо ин даста то 30-юми ноябри соли ҷорӣ эътибор дорад. Пас аз анҷоми он, ӯ метавонад ба клуби олмонӣ ҳамчун бозигари озод гузарад.
Хотирасон менамоем, ки Ҷӯрабоев дар тими миллии кишвар яке аз беҳтарин бозингарон буда, имкон дорад қаҳрамонии худро дар Олмон идома диҳад.