sebiston july new
Ба муҳоҷирон дар Русия боз таксӣ ронданро иҷозат медиҳанд
591


Мушкилоти норасоии нақлиёт ва шикоятҳои зиёди мусофирон масъулинро маҷбур менамояд, ки рондани таксиро ба муҳоҷирони меҳнатӣ дубора иҷозат диҳанд.

Шӯрои ҷамъиятӣ доир ба рушди таксӣ ба Шӯрои Федератсияи Россия дар ин хусус нома ирсол намуда, хоҳиш кардааст, ки ба хотири ҳалли мушкилоти норасоии нақлиётӣ ҷамъиятӣ муввақатан ба муҳоҷирони меҳнатӣ рондани таксӣ ва машғул шудан бо мусофиркашонӣ иҷозат дода шавад. Дар ин хусус намояндаи ин ташкилот Ирина Зарипова ба хабарнигорони нашрияҳои русӣ иттилоъ додааст.

Дар нома аз ҷумла чунин омадааст:
“Мо пешниҳод менамоем, ки дар зери назорати қатъӣ муввақатан рондани таксӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ иҷозат дода шавад. Барои ин имрӯз тамоми имконоти техникӣ дар шакли технологияҳои “Суғуртаи телематикӣ” мавҷуд мебошад.

Ба қавли Ирина Зарипова, мушкилоти норасоии ронандагони таксӣ ҳанӯз аз оғози соли 2023 дар қаламрави Федератсияи Россия сар зада, махсусан дар шаҳрҳои калон норасоии таксӣ баръало эҳсос мешавад.

Ёдрас мешавем, ки зодагони баъзе кишварҳо аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон ва ҷумҳурии Белорус метавонанд бо ҳуҷҷати ронандагие, ки аз кишвари худашон гирифтаанд, дар Россия ба сифати ронандаи таксӣ кор кунанд, вале ронандагони тоҷик барои дар Россия таксист шудан бояд ҳуҷҷати ронандагиашонро бо ҳуҷҷати ронандагии Россия иваз намоянд.

Барои дар Россия ба ҳайси таксист кор кардан муҳоҷирони меҳнатӣ бояд ҳам аз кишвари худашон ва ҳам аз мақомоти Россия дар бораи доғи судӣ надоштанашон маълумотнома пешниҳод намоянд.

Хотиррасон мекунем, ки бо пешниҳоди депутатҳои рус кор кардан дар нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла автобус ва таксӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ манъ карда шуда буд, вале ҳамакнун худи мақомоти рус мехоҳанд муҳоҷиронро дубора ба кор дар таксӣ баргардонанд, зеро ин амал боиси норасоии шадиди ронандагон гашта, мусофирон ҳамарӯза аз нарасидани таксӣ шикоят мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД