arzon replenishment
Ба зани дуюмам 500.000 рубли русӣ медиҳам
07.05.2022
ОИЛА
1829


Саломи худро аз мулки ғарибӣ ба кулли мардуми тоҷик мерасонам. Расул ном дорам, зодаи яке аз ноҳияҳои кишвари зебоямон ҳастам.

Чандин сол аст, ки дар муҳоҷират қарор дорам. Баъди заҳмату кӯшишҳои зиёд дар шаҳри Москва соҳиби ду қаҳвахона шудам, вале аз сабаби он ки шаҳрвандии Русияро надорам, ҳамарӯза бо душвориву монеаҳои зиёде рӯ ба рӯ мегардам.

Сабаби ба ҳафтанома муроҷиат карданам дар он аст, ки қисмати зиёди хонандагони ҳафтаномаро духтарону бонувон ташкил медиҳанд. Умедворам, ки муроҷиати маро дуруст дарк намуда, кӯмаки худро дареғ намедоранд.

Гап сари он аст, ки ман мехоҳам, бо ягон духтари тоҷики шаҳрвандии русиядошта издивоҷ намоям. Агар духтар хоҳиш дошта бошад, ӯро зани дуюмам карда, то охири умр нигоҳубин мекунам. Рафту духтар хоҳиши зани дуюми ман шуданро надошта бошад, ман омодаам, ки барои дастгирияш ба ӯ 500.000 рубли русӣ пардохт намоям.

Шукри Худо тамоми шароитро барои нигоҳубини зани дуюм дорам. Аз ин рӯ, беҳтар аст, ки духтареро ба занӣ гирифта, ҳам мушкили худро осон намояму ҳам занеро хушбахт гардонам. Занҳои русе, ки бар ивази пули калон ба чунин издивоҷ розӣ мешаванд, дар ин кишвар зиёданд, вале ман мехоҳам бо духтари тоҷик оила бунёд намоям. Хоҳишмандам нисбати мактуби ман бетараф набошед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД