sebiston july new
БАЪДИ МАРГИ БОБОЯМ ХОР ГАШТАМ
19.04.2021
ОИЛА
3408

 

Ҷамшед ном дорам. Дарду алами қалбам маро хеле барвақт дар зиндагӣ шикаст додааст. Аз ин рӯ, мехоҳам зиндагиномаи худро дар ҳафтаномаи “Оила” дарҷ намоям.

Бо сабаби он ки модарам гирифтори бемории руҳӣ буданд, ман то синни 6–солагӣ дар Хонаи кӯдакон ба воя расида, баъдан бобоям маро ба тарбияи худ гирифтанд. Соли 2009 янгаву тағоям маро ҳамроҳи худ ба кишвари Русия бурданд. Се соли дароз дар муҳоҷират заҳмат кашида, кор кардам ва соли 2012 ба хонаи бобоям омада, ба дасти янгаам 100 ҳазори русӣ додам. Баъд аз сари бобоям янгаам гуфт, ки ту дар ин хона ҳақ надорӣ ва маро аз хонаи бобоӣ пеш кард. Бо тағоям ҳар рӯз ҷанг карда мегуфт, ки писари апаи девонаатро дафъ кун. Вақте ки ба назди холаам арзкунӣ рафтам, холаам гуфт, ки тағоят гапи дуруст мегӯянд, он кас кенҷаи хона ҳастанд. Ту ҷиянаш ҳастӣ, беҳтараш рафта, падари ҷуҳудатро пайдо намо. Вақте маро аз хона ронданд, шабамро дар кӯчаву истгоҳи мошинҳо рӯз мекардам.

Хушбахтона, дар ҳамон шабу рӯзҳо зани хайрхоҳе маро ба тарбияи худаш гирифт. Дар хонаи он зан муддати 8 сол кор кардам ва маро оиладор кард. Айни замон ба синни 34 даромада, то ҳол фарзанддор нашудаам. Барои пеш бурдани зиндагӣ дар бозори Корвон ароба мекашам. Бо сабаби он ки иҷоранишин ҳастем, занам мегӯяд, ки то хона нахарӣ, соҳиби фарзанд намешавем. Вақте ки аз ӯ сабаби ҳомиладор нашуданашро мепурсам, мегӯяд, ки агар зиндагӣ кардан нахоҳам, баромада равам. Аз ин рӯ, сабру тоқат мекунам, зеро чораи дигар надорам. Боре ба назди тағои калониам рафта, гуфтам, ки ба ман ёрӣ расонед, соҳиби як хона ва фарзанддор шавам, вале тағоям дар ҷавоб гуфтанд, ки худат кор карда, соҳиби хона шав, ман ҳам дар хонаи занам зиндагӣ мекунам.

Хонандаи азиз! Ҳамин буд тафсилоти зиндагиномаи пур аз дарди банда. Тамоми ранҷу азобҳои дар ҳаёт кашидаамро рӯи коғаз овардан бароям душвор аст. Аз шумо хоҳиши ягонаам ҳамин аст, ки маслиҳатҳои худро аз ман дареғ надоред. Дар дунё нафарони саховатманд кам нестанд, шояд нафаре пайдо шаваду дар амалӣ гаштани орзуҳоям ба ман кӯмак расонад. Қаблан аз ҳамаи шумо сипосгузорам.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД