Arzon march 2024
Барои маскун шудан дар хонаи шавҳар кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?
26.02.2024
ОИЛА
593

Салом! Шавҳарам маро талоқ дода, бо ду фарзандам аз хона берун карду зани дигар гирифт. Волидонам дар як хонаи дуҳуҷрагӣ бо писару келин ва набераҳояшон зиндагӣ мекунанд ва мо барои онҳо дарди сари зиёдатӣ шуда мондем. Фаҳмидан мехостам, ки оё ман метавонам ба суд ариза навишта, ҳамроҳи бачаҳоям дар хонаи падари фарзандонам маскун шавам? Барои маскун намудан дар манзили истикоматӣ зан бояд кадом ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намояд?


Посух

Аблатта метавонед. Барои маскун намудан ба манзили истиқоматӣ ба суд муроҷиат карда, ҳуҷҷтҳои лозима аз қабили маълумотномаи ҷои зист, нусхаи ҳуҷҷатҳои манзили истиқоматии маскуншавӣ (дар сурати натавонистани пешниҳоди ин ҳуҷҷат, аз суд тибқи талаботи моддаи 67 КМГ ЧТ талаби таъмини даъво намудан лозим), нусхаи ақди никоҳ, ҳалнома ё шаҳодатномаи бекоркунии ақди никоҳ, нусхаи шаҳодатномаи таваллуди кӯдаконро пешниҳод кардан лозим аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД