Барои муҳоҷирони меҳнатӣ маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабиву англисӣ таъсис меёбад
Бо мақсади омода намудани муҳоҷирони меҳнатии тоҷик барои кор дар кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабиву англисӣ барои муҳоҷирон таъсис меёбад. Масъалаи мазкур зимни мулоқоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо намояндаи Вазорати маорифи Қатар Ҳариб ал-Ҷабрӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Гуфта мешавад, ки ҷониби Қатар аз корҳои то имрӯз анҷомдодашуда дар мавриди таъсиси маркази мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои мусоидат ба таъсиси чунин марказҳо дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон иброз доштааст.
“Марказ имконият фароҳам меорад, ки омӯзиши касбҳои мутобиқ ба талаботи бозори меҳнати Қатар, омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ, баланд бардоштани сатҳи тахассуси шаҳрвандон, ҳамчунин, мутобиқсозии иҷтимоӣ ва ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ ба таври самаранок таъмин гардад”, -омадааст дар хабар.