Formula july 2024
Барои паст шудани фишори хун чӣ хӯрдан лозим аст?
19.05.2024
ОИЛА.ТҶ
713

Шумораи шахсоне, ки аз бемории фишорбаландӣ азият мекашанд, сол то сол мефзояд. Дар мубориза бо ин беморӣ флавоноидҳо-антиоксидантҳои табиие, ки кафидани капилярҳоро пешгирӣ карда, раванди таъмини майнаи сарро бо кислород ба низом медароранд, нақши муҳим доранд.

Флавоноидҳо дар таркиби баъзе маҳсулотҳо ба миқдори зарурӣ мавҷуд буда, пайваста истеъмол карданашон барои касоне, ки аз бемории фишорбаландии шараёнӣ азият мекашанд, хеле муфид мебошад.

Маҳсулоте, ки чунин антиоксидантҳои табиӣ доранд, инҳоянд:

1. Чойи кабуд.

2. Олуча.

3. Нок.

4. Себ.

5. Донаҳои арахис.

6. Шаҳтути заминӣ.

7. Шоколади сиёҳ.

Барои паст шудани фишори хун ба реҷаи хӯроки ҳаррӯзаи худ маҳсулоти аз калий ва магний бойро низ илова намудан муфид аст. Инҳо:

• Биринҷ.

• Мевагӣ, махсусан апелсин ва мандарин.

• Картошка.

• Ярмаи гандум ва ҷав.

• Хушкмеваҳо.

• Моҳӣ, махсусан хек ва треска.

• Шир, маҳсулоти ширӣ, йогурт.

• Карами баҳрӣ.

• Донагиҳо - лӯбиё, нахӯд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД