formula
Бе оғӯши Нина зиста наметавонам
5608

 Нина ном духтараки русро дӯст медорам. Тағоям, ки маро ба Русия бо нияти пулкоркунӣ оварда буд, чандин маротиба таъкид намуд, ки “ҷиян, бо ин хел духтарҳои маккора сару кор нагир, ки оқибаташ хуб нест. Мабодо ҳамроҳаш ягон номаъқулӣ карда, худатро ба доми бало гирифтор насозӣ боз!”

Аз ин гапҳои тағоям сахт меранҷидам, чунки ошиқ будам. Бале, ошиқи зори Нина! Маслиҳат кардем, ки минбаъд аз тағоям пинҳонӣ вомехӯрем.

Субҳ ба тарабхонае, ки тағоям дар он ҷо ошпаз буд, мерафтаму бегоҳ як соат пеш аз кор баромада, ба назди Нина мешитофтам. Боре бегоҳӣ Нина занг зада гуфт, ки “Руслан, приходи ко мне домой. Мои родители уехали во Францию. Не беспокойся, мы с тобой будем одни!” Аз шунидани ин хабар чунон шод шудам, ки гӯё кони тилло ёфта бошам. “Лечу к тебе! “гуфта телефонро хомӯш кардаму ба кӯча баромадам.

Аллакай торик шуда буд. Дар Русия шабу нимашаб нақлиёт фаровон аст, аз ин хотир ба зудӣ ба ҷойи хостаам расидам. Дар наздикии хонаи Нинаино аз сари роҳам чор ҷавони ҳузарб баромада, ба куҷо рафтанамро пурсиданд. Ба гапашон аҳамият надода, ба роҳам рафтан гирифтам. Баногоҳ шишаи пивои дар дасти яке аз он авбошон буда, ба фарқи сарам зад ва ман “воҳ“ гӯён, ба замин афтидам. Дигар чӣ шуд, намедонам. Вақте чашмонамро кушодам, худро дар бемористон дидам. Нина бо чашми гирён дар болои сарам нишаста буду тағоям ӯро дашном медод.

Хулоса, духтурон сарамро ҷарроҳӣ карданд. Нина ҳамсояҳояшро ба суд дода, тамоми харҷу масрафи беморхонаро ба уҳда гирифт. Шукри Худованд ҳолам хеле хуб шудааст, вале тағоям дигар иҷозати бо Нина вохӯрдан намедиҳад. Ман ӯро аз сидқи дил дӯст медорам ва бе ӯ зиста наметавонам. Маслиҳатам диҳед, ки чӣ кор кунам?

Руслан,

тоҷикбача, аз шаҳри Москва

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД