Ман зани бахтшикастае ҳастам, ки зиндагӣ борҳо озмудааст. Имрӯз дардест дар дилам, ки дигар тоқати пинҳон карданашро надорам.
Бори аввал дар синни ҷавонӣ ба шавҳар баромадам. Он вақт орзуҳои зиёд доштам. Фикр мекардам, ки зиндагии оилавӣ сарчашмаи хушбахтӣ мешавад. Аммо баъди тӯй ҳама чиз дигар шуд. Шавҳарам бисёр бадмуомила буд. Бо баҳонаи ночиз маро мезад, таҳқир мекард. Ман барои фарзандонам сабр мекардам. Ду кӯдак доштем ва намехостам онҳо бе падар калон шаванд. Вале як рӯз фаҳмидам, ки агар дар ҳамон хона монам, рӯзе ё ҷонам меравад ё ақлам.
Бо ҳазор ранҷ ҷудо шудам.
Баъди талоқ зиндагӣ барои ман хеле душвор шуд. Дар ҷомеаи мо ба зани ҷудошуда дигар хел нигоҳ мекунанд. Ҳар қадаматро назорат мекунанд, ҳар суханатро муҳокима менамоянд. Бо вуҷуди ин, ман кӯшиш мекардам зиндагии фарзандонамро пеш барам.
Баъдтар бо марде шинос шудам, ки занаш вафот карда буд. Ӯ бисёр меҳрубон менамуд. Бо ман хуб муносибат мекард, ба фарзандонам низ ғамхорӣ нишон медод. Баъди солҳои дарднок бори аввал эҳсос кардам, ки шояд бахт дубора дари диламро мекӯбад.
Ман ба ӯ бовар кардам ва ба издивоҷ розӣ шудам.
Мо дар хонаи волидони ман зиндагӣ мекардем. Аввалҳо ҳама чиз хуб буд. Шавҳарам механдид, бо ман нақшаҳои оянда мекашид. Аммо ин хушбахтӣ ҳамагӣ шаш моҳ давом кард. Баъд муносибаташ дигар шуд. Кам-кам дер ба хона меомад, баъзан шаб намемонд. Агар сабаб пурсам, асабонӣ мешуд.
Боре тасодуфан шунидам, ки ӯ гумон доштааст падарам хонаро ба номи ман мекунад. Шояд барои ҳамин бо ман оиладор шудааст. Вақте фаҳмид, ки чунин нест, рафтораш тамоман тағйир ёфт.
Оҳиста-оҳиста ӯ аз ман дур шуд. Ба зангҳоям ҷавоб намедод. Ниҳоят як рӯз гуфт, ки дигар зиндагӣ карда наметавонад ва рафт. Ман боз танҳо мондам.
Акнун таънасори ҳақу ҳамсоя ҳастам. Ҳатто янгаам мегӯяд: “Ҳамсояҳо туро ба шавҳарҳояшон рашк мекунанд”...
Аз ҳама бештар ин чиз маро меранҷонад, ки одамон дарди касро намефаҳманд. Касе намепурсад, ки чаро зиндагии ин зан вайрон шуд. Ҳама танҳо ҳукм мебароранд. Барои баъзеҳо зани ҷудошуда гӯё хатар аст. Ман ҳеҷ гоҳ оилаи касеро вайрон кардан нахостаам. Орзуи ман танҳо зиндагии ором ва тарбияи фарзандонам буд. Вале имрӯз чунон аз одамон дилсард шудаам, ки ҳатто ба оина нигаристан намехоҳам.
ШАБНАМ, ш. Душанбе