Arzon march 2024
Бо косметика намоз хондан равост?
3403

Ман зани коргар ҳастам, вале бандаи мъмину мусалмон будани худро ҳаргиз фаромӯш накрада, дар ҷойи кор намозҳямро мехонам. Ҳар саҳар пеш аз ба кор рафтанам таҳорат мекунам ва баъдан ороиши рӯямро ба ҷо оварда, ба қавли занони муосир косметика мекунам ва ба кор меравам. Вақти намоз, ки фаро расид, дар як гӯшаи тоза ҷойнамоз андохта, бе таҳорати дасту рӯй ибодати офаридгорро ба ҷй меорад. Чанд сол боз бо ҳамин усул намоз хонда истодаам, вале ин гапро ба як зани хешамон гуфтаму дар бало мондам. Вай маро хеле маломат карда гуфт, ки бо рӯйи пур аз косметика намоз хондан раво нест ва ман ба ҷойи савоб убол мегирам. Мехостам ба ҳамин масъала каме равшанӣ андозед, ки оё намози мехондаи ман раво ҳаст ё не?
Мастурабону, коргар

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯш
Хоҳари азиз! Аз назари дини мубини ислом ороиш кардан баъд аз таҳорат зарар надорад. Пас аз таҳорати бутунро ба ҷо овардан, зан метавонад намозро бароҳат бихонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД