arzon replenishment
Бойтарин варзишгарони дунё муайян шуданд
849

Дар феҳристи сердаромадтарин фарзишгаони ҷаҳон се футболбоз маъруф- Криштиану Роналдо, Лионел Мессӣ ва Килиан Мбаппе шомил шудаанд. Даромади умумии варзишгарони дар ин рӯйхат буда беш аз 100 миллион долларро ташкил медиҳад.

Дар Топ-5 варзишгари сердаромад Криштиану Роналдо, Лионел Месси, Килиан Мбаппе, Леброн Ҷеймс ва Ҷон Рахм қарор доранд.
Криштиану Роналду -ҳамлагари "Ан-Наср"
Ситораи машҳури футбол, ҳамлагари “Ан-Наср” Криштиану Роналдо дар ҷои аввали ин феҳрист қарор дорад. Даромади Роналду 273 миллион доллар буда, 215 миллионаш аз ҳисоби маош ва мукофотҳои гуногун аст. Боқимондаи даромадаш аз таблиғ ва фаъолиятҳои гуногуни ғайриварзишӣ мебошад.
Ҷон Рахм -голфбоз
Зинаи дуввуми рейтинги мазкурро голфбоз Ҷон Рахм ишғол мекунад. Даромади варзишгар 203 миллион долларро ташкил медиҳад. Ситораи голф тақрибан 181 миллион маошу мукофотпулӣ гирифта, аз фаъолиятҳои берун аз варзишӣ низ даромад ба даст меорад.
Леонел Мессӣ - ситораи футболи "Аргентина"
Дар зинаи севвум ситораи машҳури дигари футбол Лионел Мессӣ қарор дорад. Даромади Месии 130 миллион долларро ташкил медиҳад, ки нисфи он аз маошу мукофотпулӣ ва боқимонда аз даромади ғайри варзишӣ мебошад.
Леброн Ҷеймс - баскетболбоз
Баскетболбози варзида Леброн Ҷеймс, узви тими “Лос-Анҷелес” дар зинаи чоруми ин раддабандӣ қарор дорад. Даромади солонааш 125,7 миллион долларро ташкил медиҳад. Маблағи ҷоиза ва маоши яксолаи варзишгар ба 80 миллион доллар баробар аст. Маблағи боқимонда аз ҳисоби фаъолиятҳои дигар мебошанд.
Килиан Мбаппе - ҳамлагари "ПСЖ"
Дар раддабандии мазкур ҳамлагари «ПСЖ» Килиан Мбаппе қарор дорад, ки маоши яксолааш 125 миллион долларро ташкил медиҳад. Аз ин 100 миллион доллар аз мукофотҳои ҳармоҳа ва гуногуни иловагӣ ба даст меояд. Боқимонда 25 миллиони дигар бошад аз даромади ғайри варзишӣ (реклама, шартномаҳои сарпарастӣ) аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД