Sebiston new 2024 october
Боздошти 2 духтари муҳоҷир дар Русия
1180

Сатр доштанд, вале аз забонашон
дашному ҳақорат меборид

2 духтари ноболиғи тоҷикро дар пайи моҷаро бо як зани маҳаллӣ дар Русия кормандони пулис боздошт намудаанд. Духтарон дар дашному ҳақорат додани як зани рус гунаҳкор дониста мешаванд...

Тавре ки dzen.ru дар такя ба Царьград навиштааст, як зани маҳаллӣ навори моҷарояшро бо духтарони муҳоҷир дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намуда, шикоят кардааст, ки онҳо ӯро таҳқир карданд ва шаъну шарафашро паст заданд. Гуфта мешавад, ки духтарон сатр пӯшида буданд, вале аз забонашон дашному ҳақоратҳои қабеҳ меборид.

Ба иттилоъи манбаъ, ҳодисаи мазкур рӯзи 3-юми феврал рӯй дода, ин духтарони муҳоҷир дар ҷойи ҷамъиятӣ байни худ бо лаҳни тоҷикӣ бо садои баланд гап мезадаанд. Зани рус, ки кӯдакони хурдсол доштааст, аз онҳо хоҳиш кардааст, ки оромтар сӯҳбат кунанд, вале дар ҷавоб духтарон ӯро дашному ҳақоратҳои қабеҳ дода, таҳдид кардаанд, ки ҳозир ба корманди пулис, ки ба онҳо “тағогӣ” мекунад, занг мезананд. Пас аз ин духтарҳо дар ҳақиқат ба касе занг задаанд ва баъди чанд лаҳза марде пайдо шуда, кӯшиш кардааст, ки телефонро аз дасти ин зани рус, ки дашному ҳақоратҳои қабеҳи духтарони муҳоҷирро сабт мекард, зӯран кашида гирад...

Кормандони пулис аз рӯйи навори видеоии дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгашта ҳам духтарон ва ҳам мардеро, ки ба онҳо “тағогӣ” мекард, пайдо кардаанд. Маълум шудааст, ки дар асл он мард на корманди пулис, балки як роҳгузар ва бар замми ин, маст будааст.

Гуфта мешавад, ки духтарони муҳоҷир 15 ва 16-сола будаанд ва дар ҳузури волидонашон бо онҳо сӯҳбату корҳои профилактикӣ гузаронида шуд.
Дар шарҳи ин навор аксари истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки чунин духтарони сатрпӯш бо алфози бад ва дашному ҳақоратҳои қабеҳу рафтори беақлонаашон обрӯи духтарони мусалмонро паст мекунанд.

Вақтҳои охир шикоятҳо аз рӯйи фарзандони оилаҳои муҳоҷирон дар Русия зиёд шуда истодаанд. Аксарият аз он шиква мекунанд, ки кӯдакони муҳоҷирони меҳнатӣ дар кӯчаю паскӯчаҳо авбошӣ карда, одитарин қоидаҳои одоб, муошират ва рафтор дар ҷойи ҷамъиятиро намедонанд.

Муҳоҷирон дар хориҷи кишвар чеҳраи миллати худро муаррифӣ менамоянд, аз ин рӯ аз тамоми муҳоҷирони тоҷик, хоса аз занону духтарон эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки ба гуфтору рафтори худ аҳамият диҳанд ва даст ба амалҳое назананд, ки боиси рехтани обрӯи худи онҳо ва миллат мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД