Инсон бояд ҳар рӯз 2 дона тухм истеъмол намояд, зеро тухм хӯрдан ба саломатӣ манфиатҳои зиёде дорад.
Якум: тухм хотираро мустаҳкам месозад
Зардии тухм дорои холин аст. Ин аминокислотаи калидӣ барои интиқоли импулсҳои хурди асаб кумак намуда, хотираи инсонро қавӣ месозад.
Дуюм: нури чашмро равшан месозад
Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки тухм аз лютеин - витамине бой мебошад, ки барои нигоҳ доштани биноии чашми инсон кумак мекунад. Ҳар рӯз 2 дона тухм хӯред, лютеин табиатан дар чашматон пайдо мешавад.
Сеюм: Устухонҳоро мустаҳкам месозад
Тухм аз калсий ва витамини D бой мебошад. Истеъмоли он сатҳи калсий ва фосфорро дар хун танзим мекунад. Дар сурати ҳар рӯз 2 дона тухм хӯрдан организм бо калсий таъмин гашта, устухонҳо пурқувват мегарданд. Ин ба пешгирии остеопороз мусоидат менамояд.