arzon replenishment
Чаро «бизнес-леди» гадо шуд? Қисми 1
19.05.2022
ОИЛА
1644

 

Паридухтар

Маҳноз дар хонаводаи сарватманд ба дунё омада ба воя расид. Модараш қирғиз ва падараш тоҷик буд, падарашро хеле ҷавон ба ҳайси директори заводи пахта таъин карданду ӯ ба зудӣ худашро гирифт. Ба ҳарфи падару модар гӯш надода, бо қирғиздухтаре хонадор шуд. Насима духтари ягонаи падару модараш буда, хеле эркаву серноз буд. Пас аз тӯй Нодир хонаашро ҷудо карда, барои зани соҳибҷамолу эркаш хидматгор гирифт. Хоҳари ягонааш Соро низ мудом дар хизмати янгааш буд, Насима пайи ҳам ду духтар таваллуд кард. Маҳноз ва Баноз, акдиш, яъне дурага буданд. Духтарчаҳо аз модари қирғиз ва падари тоҷик ба дунё омада, хеле зебо буданд. Аз тамошои ин ду шоҳбонучаи ҳусн бинанда серӣ надошт, вале зиндагии серу пуру шоҳонаи онҳоро ҳабс шудани падарашон барҳам зад. Нодирро барои аз худ кардани пули давлат понздаҳ сол зиндон карданд ва Насимаи ба меҳрубонии мард одаткарда зуд ба бадгардӣ сар кард. Волидони Насим аз миш-мишҳои мардум фаҳмиданд, ки келинашон ба писари зиндонии онҳо, ки ба хотири иҷрои фармонҳои зани паричеҳрааш ба ҷиноят даст зада буд, хиёнат мекунад. Онҳо аз рафтан ба хонаи келинашон даст кашиданд, вале набераҳояшонро зуд- зуд хабар мегирифтанд. Оқибати кор Маҳноз бо бибию бобояш монду Баноз бошад, бо модараш. Падараш аз зиндон баромада, зани дигар гирифт, ба фарзандон ёрӣ мерасонд ва духтарон ҳамеша зебову ороставу пероста мегаштанд. Насима даст ба даст гашта, бадном шуда буду акнун рӯзашро бо далагӣ пеш мебурд. Маҳнозро бобову бибияш ба шавҳар доданду Банозро бошад, модараш…

                               Келини таърифӣ

Ба Маҳноз писари як рафиқи падараш ошиқ шуда, ба занӣ гирифт, тамоми хешу ақрабои амаки Донабек зидди келин кардани ӯ буданд. Хоса додараш Равшанбек ду пойро ба як мӯза тиқонда гуфт:

-Додар, агар ҳамин модарғарро ба занӣ гирӣ, пас аз ман дасту дил бишӯ!

Аммо Донабек ашкҳои равони писараш Ҳамзаро дида, дилаш об шуда буду аз азми кардааш барнагашт. Барои Маҳноз падараш ҷиҳози хубе харид, аммаи ягонааш Улфатмоҳ барояш чодари болишту кӯрпачаҳои гулдӯзӣ духт. Маҳноз зери тӯри сафеди арӯсӣ моҳи осмонро мемонд.

Ҳамза ба садои доираи занаш рақс мекард. Зиндагияшон хеле ширин оғоз шуд, Маҳноз келини хубе шуд, ба эркагияш нигоҳ накарда, ҳама кору бори рӯзғорро ёд гирифт. Хушдоманаш низ кӯшиш мекард, ки ба келини зебояш нозукиҳои рӯзгордориро ёд диҳад. Пайи ҳам соҳиби як писару як духтари нозанин шуданд, дар хонаи сернуфузи шавҳар ҳама янгаи зеборо дӯст медоштанду ёрияш мерасонданд. Чун ҳеварашро зан доданд, кори Маҳноз сабуки сабук шуд. Гулсимои чақонак ҳама корро дар як замон ба сомон мерасонид. Маҳноз акнун кам-кам ба мағозаи ҳамсараш рафта, ба ӯ ёрӣ мерасонид. Нодир дар маркази ноҳия дар мағозае фурӯшанда шуда кор мекард. Хешу таборе, ки зидди келин кардани Маҳноз буданд, аз карда пушаймон боз рафту омадро сар карданд, зеро келин айбе надошт. Хусуру хушдоман ва шавҳараш рафтани Маҳнозро ба хонаи модараш, ки акнун солаш рафта буд, маън намекарданд. Насима низ зуд-зуд ба хабаргирии духтараш омада, аз меҳмоннавозии қудоҳояш баҳравар мегашт. Баноз низ апаашро хабаргирӣ меомад, дарёи зиндагӣ ба бесуиҳо равон буд.

                                   Фарёди хун

Ҷанги шаҳрвандӣ сар шуду ҳама мардон гуреза шуда, ба Афғонистон рафтанд, занҳои ҷавону духтаракон низ ҳамроҳи оилаҳояшон рафтанд. Маҳноз бошад, ба ноҳия ба хонаи модараш рафт. Ноҳияи онҳо тинҷтар буд ва ана дар ҳамин сарҳӯиҳо хуни ҳаромаш фарёд кард ва ӯ ба шавҳараш хиёнат намуд…

Аввалин маъшуқаш як қумандони қотил буд, ки аз ҳисоби пулу моли ғораткардааш Маҳнозро малика кард. Баъди камтар тинҷ шудан Маҳноз акнун ба хориҷа мерафту аз он тараф коло оварда, ин ҷо ба фурӯш мегузошт. Дар бозорҳои марказ чанд нуқтаи фурӯш дошт, сарпарасташ маъшуқи муштзӯраш буд, бо тинҷ шудани вазъият одамон як-як баргашта омаданд, шавҳараш ҳам омад. Ӯ маъшуқашро акахондам гӯён, ба Нодир шиносонд ва акнун ин тарпоча бо ду мард зиндагӣ мекард.

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД