sebiston july new
Чаро «бизнес-леди» гадо шуд? Қисми 2
20.05.2022
ОИЛА
1619

 

Маҳноз акнун сари чамбараки мошини хориҷӣ буду дар хонааш хеле кам пайдо мешуд. Ӯ дар пойтахт дар як бинои истиқоматӣ чанд хонаро харидорӣ карда буд.

Акнун бибиву бобояш аз дунё гузаштаву амакиҳояш гуреза шуда, ба Русия рафта буданд, падараш низ пир шуда буду ба дастгирӣ ниёз дошт. Шавҳараш кайҳо ба рафторҳои занаш одат карда, аламашро аз арақ мегирифт. Хешу табори шавҳараш бошанд, аз тарси «акахонд»-и автомат ба дасти янгаашон чизе намегуфтанд. Хусураш оламро падруд гуфта буд, хушдомани кампираш келини дӯстдоштаашро насиҳат мекард, аммо аз як гӯшаш даромада, аз гӯши дигараш баромада мерафтанд. Амааш Соро низ Маҳнозро насиҳат мекард, аммо ӯ аммаашро писанд намекард.

Як рӯз Маҳноз, ки дар кӯчаҳои ноҳия бо мошини хориҷияш сайр карданро дӯст медошт, ба хонаи аммааш омад. Аммааш, ки шавҳараш вафот карда буду шаш сағираро танҳо ба воя мерасонид, картошка тоза мекард. Маҳноз картошкаҳои хурд-хурди назди аммааш бударо дида гуфт:

-Инҳоро аз кадом партовгоҳ ёфта овардӣ?!

Ин гап ба Соро сахт расида бошад ҳам, чизе нагуфт. Танҳо ба ҷияни масташ нигариста, пичиррос зад, “оқибатат ба хайр шавад, духтар, бо ин рафторе ту дорӣ, метарсам Худо хорат мекунад!”

Маҳноз табақи картошкаи аммаашро як шатта зада гуфт:

-Ман ҳеҷ гоҳ мисли ту картошкаи пӯсидагӣ намехӯрам ва қаҳр карда, баромада рафт…

                                   Худозада

Дар урфият мегӯянд, ки дуздиву ғарӣ, пушти саргини хар, оё саргини хар қудрати паноҳ кардани чизеро дорад?! Бо гузаштани солу моҳҳо хабари бадгардии Маҳноз ба гӯши Собир расиду ӯ занашро се талоқ дода, ба Маскав рахти сафар баст. Духтараш, ки аллакай шавҳару ду кӯдак дошт, аз модар рӯй гардонд, писараш низ мактабро хатм карду рафт аз пайи падар…

Маъшуқи қумандонашро дар як баҳс ҳамсафони худаш паронданд ва сар шуд заволи давлати Маҳноз. Ӯ ҳамаи давлату сарвати доштаашро хӯрда тамом карду муфлис шуд. Баъд дугонаҳое пайдо карду ба фурӯши маводи мухаддир даст зада, зиндонӣ шуд, нӯҳ сол адои ҳукм карда, ба озодӣ баромад. Акнун ӯ чизе надошт, ҷойи рафтан низ, модараш аз дунё гузашта буду Баноз хонаҳои ӯро соҳибӣ мекард. Вай апаашро ҳатто аз дар даромадан намонд, ягон кас ба вай рӯйи хуш надод, ғайри кампири аммааш…

Кампири Соро ба писаронаш, ки аз омадани холаи бадномашон ба хонаашон он қадар хурсанд набуданд, гуфт, ки агар маро ҳурмат мекунед, хоҳарамро низ эҳтиром кунед. Аммо Маҳноз каме истироҳат карду боз ба шаҳр баргашт, бо як азоб дар як хобгоҳ хоначаи бадбӯеро пайдо кард. Ӯ на касбе дораду на ҳунаре, акнун бизнес-ледии як вақтҳо малики ҳусн рӯяшро бо рӯймоли калоне печонида, то нимрӯз дар назди масҷиде ба талбандагӣ машғул мешавад ва баъд ҷони афгорашро то ҳуҷраяки бадбӯйи хобгоҳ мебарад. Вай як ҷойи омаду рафт дорад, хонаи кампири аммааш….

                                                                                               Ҳилола

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД