formula
АСАЛИ РАНГАДАР 5 МОҲ ҒАРИББАЧАГОН БО БОНУВОНИ РУС 355 АҚДИ НИКОҲ БАСТАНД!
1471


Соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав миёни занони рус ва шаҳрвандони Тоҷикистон 355 ақди никоҳ баста шудааст, хабар медиҳад Хадамоти матбуотии Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар пойтахти Русия.

Ин ниҳод мегӯяд, домодҳои тоҷик аз миёни дигар хориҷиҳо дар байни арӯсони рус пешсаф ҳастанд.
Дар маҷмӯъ, аз аввали соли равон дар Маскав тақрибан 2,7 ҳазор ақди никоҳ байни бонувони Русия ва хориҷиён баста шудааст.

Зикр мегардад, ки аксари издиҷовҳо маҳз бо шаҳрвандони хорҷи наздик баста шудааст. Ва пешсафтарин кишваре, ки шаҳрвандонаш бо бонувони рус оила барпо мекунанд, ин Тоҷикистон аст.

Инчунин қайд карда мешавад, ки аксари издивоҷҳои хориҷӣ бо шаҳрвандони хориҷаи наздик баста мешаванд. Домодҳо аз Тоҷикистон дар байни арӯсҳои Русия пешсаф шуданд.

Дар ҳамин ҳол, мардҳои рус бештар ҳамсарони худро аз Украина - 280, Қирғизистон - 221, Белорус - 102, Ӯзбекистон -77 ва Озарбойҷон - 62 - нафар интихоб мекунанд.

Кормандони Идораи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ мегӯянд, ҷаззобияти ингуна маросимҳои арӯсӣ дар он аст, ки тибқи анъана ва урфу одатҳои фарҳангӣ баргузор мешаванд

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД