Дар пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе шуруъ аз 30-юми май мавсими саёҳат тавассути автобусҳои сурх таҳти унвони «Red Bus Tours» оғоз меёбад.
Сайри пойтахт рӯзҳои истироҳатӣ ва минбаъд дар доираи талаботи меҳмонону сайёҳон ҳамарӯза аз тариқи хариди чиптаи электронӣ бо ҷалби ширкатҳои сайёҳӣ ташкил карда мешавад. Дар доираи хатсайрҳои дохилишаҳрӣ хатсайри Душанбе-Ҳисор низ фаъол шуда, ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе амал менамояд.
Мақсади роҳандозӣ намудани хатсайрҳои дохилишаҳрии «Red Bus Tours» рушди соҳаи сайёҳӣ тавассути муаррифии имкониятҳои сайёҳии пойтахт ва ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ мебошад. Сокинон ва меҳмонони пойтахт имкон доранд, ки тавассути «Red Bus Tours» бо мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва сайёҳии пойтахт шинос шаванд. Зимни саёҳат роҳбаладон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар бораи таъриху фарҳанг ва гузаштаи пурғановати халқи тоҷик, инчунин имконияти сайёҳии пойтахт маълумот медиҳанд, ҳамчунин барои болидахотирии меҳмонон бо ҷалби ҳунармандон фазои фарҳангиву фароғатӣ таъмин карда мешавад.
Фаъолияти мунтазами хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Red Bus Tours» аз 30-юми май то моҳи октябри соли 2026 идома меёбад.
Яке аз хатсайрҳо рӯзҳои шанбе, соати 19:30 аз назди Муассисаи давлатии «Боғи Наврӯзгоҳ» оғоз гардида, ҳаракат дар самти хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, хиёбони Саъдии Шерозӣ, Меҳмонхонаи «Сафо», хиёбони Рӯдакӣ, «Майдони Истиқлол», «Кохи Ваҳдат», Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк», «Ориёнбонк», Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Маркази савдои Тоҷикистон, Боғи ба номи Устод Рӯдакӣ, Майдони Дӯстӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Кинотеатри «Ватан», Меҳмонхонаи «Душанбе», Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», Маркази савдои «Садбарг», Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Меҳмонхонаи «Серена», Майдони 800-солагии Москва, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази савдои «Пайкар», Иттифоқи нависандагон, Варзишгоҳи марказӣ, Маркази Исмоилия, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, «Кохи Борбад», Меҳмонхонаи «Ҳайат Реҷенсӣ», «Кохи Наврӯз», «Кӯли ҷавонон» ва «Боғи Наврӯзгоҳ»-ро дар бар мегирад.
Хатсайри дигар рӯзҳои якшанбе, соати 19:30 аз назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ (Майдони 800-солагии Москва) оғоз гардида, аз кӯчаву хиёбонҳои марказии пойтахт мегузарад. Дар ин масир автобус аз назди Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, биноҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бӯстонсарои ҳукуматӣ, Чойхонаи «Саодат», Боғи «Ирам», Корхонаи истеҳсолии обҳои ташнагишикани «Сиёма», Боғи Хайём, Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ, Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе, Беморхонаи «Шифобахш», «Кохи Борбад», меҳмонхонаи «Ҳайат Реҷенсӣ», «Кохи Наврӯз», Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Кӯли ҷавонон», Осорхонаи миллӣ, Боғи Парчами давлатӣ, Боғи ба номи Устод Рӯдакӣ, Қасри миллат, Китобхонаи миллӣ, Майдони Дӯстӣ, Бонки миллӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Туркия, Кинотеатри «Ватан», меҳмонхонаи «Душанбе», Истгоҳи роҳи оҳан, Маркази савдои «Садбарг», меҳмонхонаи «Серена» ва Боғи Куруши Кабир ҳаракат мекунад.
Хатсайри ниҳоӣ рӯзҳои шанбе, соати 16:00 дар масири Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ (Майдони 800-солагии Москва), хиёбони Рӯдакӣ - Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Бинои Парлумони Тоҷикистон, бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагон, Маркази Исмоилия, «Қалъаи Ҳисор»-и шаҳри Ҳисор ва бозпас ба шаҳри Душанбе (Боғи Куруши Кабир) анҷом дода мешавад.