Дирӯз, 2-юми сентябр ба ифтихори ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ оғоз гардид.
Мусобиқаи байналмилалӣ бо ҷалби беш аз 100 нафар варзишгарон аз 6 давлат - Тоҷикистон, Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларус оғоз шуда, то 4-уми сентябр идома меёбад.
Раиси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода иброз дошт, ки иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барои варзишгарони тоҷик мактаби таҷриба ва ирода буда, имконият медиҳад Парчами давлатии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон баланд бардошта шавад.
Чанд сол аст, ки бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ доир карда мешавад. Ин боис мегардад, ки варзишгарони беҳтарини мо бо маҳораташон Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд.