Додгоҳи вилояти Суғд сокини 27-солаи шаҳриХуҷанд Парвиз Абдуҳамидовро барои захмӣ кардани корманди милитсия бо корд ба 22соли зиндон маҳкум кард. Бино ба иттилои мақомот, ҳодиса 12-уми май дар соҳилиСирдарё дар шаҳри Хуҷанд рух додааст. Абдуҳамидов пас аз муноқиша бо чанд нафарбо корди хоҷагӣ ба майори милитсия се зарба задааст. Корманди милитсия дарбеморхона табобат гирифта, баъдан ба кор баргаштааст. Додгоҳ Абдуҳамидовро даравбошӣ, сӯиқасд ва кӯшиши куштор гунаҳкор дониста, ба 22 соли маҳрум сохтан азозодӣ дар низоми сахт маҳкум кардааст.