Дар зимни ҳадисе, ки Салмони Форсӣ аз Пайғамбар (с) ривоят карда, чунин омадааст: «Ҳар шахсе дар ин моҳ як амали хайр анҷом диҳад ва ҳадафаш танҳо ризо ва хушнудии Худо бошад, ба андозаи як амали фарз ба ў савоб мерасад ва ба ҷо овардани як амали фарз дар ин моҳ савоби ҳафтод фарзро дар дигар моҳҳо дорад».
Аз ҳадиси мазкур чунин бармеояд, ки ҳар амали хайр дар моҳи Рамазон дорои аҷру савоби фаровон мебошад.
Бинобар ин, ҳар фарди мусулмон бояд саъйу талош кунад, то дар ин моҳ амали хайре анҷом диҳад. Аз қабили кумак ба ятимону ниёзмандон, тиловати Қуръон, таом додан ба гуруснагон ва ғайра.