Arzon march 2024
ДАР МУЛКИ ҒУРБАТ БАХТ БА РӮЯМ ХАНДИД
02.02.2021
ОИЛА
9195

Аз хурдсолӣ орзу мекардам, ки лётчик мешавам, вале ҳамсинфонам ба ҳолам хандида мегуфтанд: «Сағера, магар девона шудаӣ, барои лётчик шудан пули калону тағои зӯр лозим, ту бошӣ ақалан гӯгирдчӯбе намеёбӣ, ки гӯшатро хорӣ!» Гапашон ҷон дошт, чунки падарамро солҳои ҷанги шаҳрвандӣ кушта буданду ману модарам такягоҳе надоштем.

Медонистам, ки шанс надорам, вале ноумед нашуда шабу рӯз мехондам. Фанни физикаро дӯст медоштам. Ҳангоми дар синфи 8-ум хондан нусхаи самолётро сохта, ҷойи аввалро гирифтам. Хуллас, синфи 11-ро бо медали тилло хатм карда, ҳуҷҷатҳоямро ба як коллеҷи техникӣ супоридам. Соли охири таҳсилам байни донишҷӯён озмун эълон карданд. Ҷойи аввалро гирифтам ва роҳбарият маро барои идома додани таҳсил ба донишгоҳи Қазоқистон фиристоданд. Се сол хонда, соҳиби дипломи сурх шудам. Ходимони донишгоҳ маро зери қаноти худ гирифтанд. Вақте ки лётчики президент истеъфо дод, барои пайдо кардани кадри нав озмун эълон намуданд. Ҳарчи бодо бод гуфта ҳуҷҷатҳоямро пешниҳод кардам ва рӯзи озмун миёни 18 нафар ғолибият ба даст овардам. Ҷойи аввалро ишғол намудани як тоҷикбачаро шунида, ҳама гиребонашонро медоштанд. Имрӯз дар Қазоқистон дар шаҳри Остона кор ва зиндагӣ мекунам. Лётчики президентам. Маоши хуб мегирам. Модарам тез-тез ба хабаргириям омада, чанд рӯз меҳмон мешаваду боз бармегарданд. Саргузаштамро на барои худамро таъриф кардан, балки ба он хотир навиштам, ки ба ҷавонон дарси ибрат шавад. Хонед бародарҳо, чунки одами босавод ҳеҷ гоҳ хору зор намешавад! Дониш бошад, на пул даркор, на тағои зӯр, кадри хуб ҳеҷ гоҳ бе кор намемонад!

Исроил аз ш. Остона

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД