Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шаҳраки қадима ёфт шудааст
10.11.2025
Oila.tj
120

Ҳангоми бақайдгирии ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ аз ҷониби кормандони Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лангардараи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин шаҳраки қадимаи асри миёнагии Хутали қадим - шаҳри Андичароғ бозёфт гардидааст.

Гуфта мешавад, ки мавзеи марказии ин шаҳрак 14 гектар буда, дар он ҳангоми баргузории як ҳафриёт зиёда аз 100 бозёфтҳои бостоншиносии мероси нумизматикӣ, кулолгарӣ, чубтарошӣ ва оҳангарӣ пайдо карда шудааст.

Бино ба иттилои директори агентии мазкур, “тибқи маълумоти сарчашмаҳо, ин шаҳр дар соҳили рости дарёи Панҷ, дар пойгоҳи кӯҳи Варвалак ё Варвализи қадима, ки дар ҳудуди ноҳияи Муъминобод ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳин воқеъ аст, ҷойгир шудааст. Дар ин минтақа ҳамчунин маркази таълимӣ ё мадраса низ пайдо гардидааст».

Ба гуфтаи ӯ, аз рӯи андоза сарсутуне, ки дар мавзеи Сариқалъа бозёфт шудааст, тахмин меравад, ки тақрибан баландии ин иншоот на камтар аз 6 метр аст. Ин иншоот муҳташаму зебо буда, гувоҳи аз он медиҳад, ки ҳунармандону кандакорони Хутали қадим дар сохтани шаҳрҳо маҳорати баланд доштаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД