Дар Панҷакент Маҷмааи фарҳангӣ, сайёҳӣ ва ҳунармандӣ ба истифода дода шуд
126

Дар деҳаи Некноти шаҳри Панҷакент Маҷмааи фарҳангӣ, сайёҳӣ ва ҳунаромӯзӣ ба истифода дода шуд.

Дар ошёнаи якуми маҷмаа маркази омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили дӯзандагӣ ташкил гардида, 10 нафар занону духтарони бешуғл ба омӯзиши касбу ҳунар ҷалб карда шудаанд. Дар ошёнаи дуюм китобхона бо адабиёти гуногун ба забонҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки барои сайёҳон ва меҳмонон имкони шиносоӣ бо таъриху фарҳанги миллати тоҷикро фароҳам меорад. Дар ошёнаи сеюм меҳмонхона бо 14 ҷой барои қабули меҳмонон омода гардидааст.

Дар деҳаи Некнот бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони Маркази саломатӣ идома дорад. Ҳамзамон сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Файзулло Ансорӣ оғоз гардидааст. Бинои нави таълимӣ барои 650 хонанда пешбинӣ гардида, бо шароити муосир ва инфрасохтори зарурӣ таъмин карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД