Arzon march 2024
Дар Русия барои муҳоҷирони тоҷик сомонаи нав кушоданд
1027

Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо мақсади расонидани кӯмак ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва дастгирию роҳнамоии ҳамватанон сомонаи наверо дар интернет таъсис додааст. Дар ин бора Каримҷон Салимзода, роҳбари ҳайати таҳририи Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат ба Oila.tj хабар дод.

Гуфта шуд, ки сомонаи Таджики-россии.рф махсус барои муҳоҷирони меҳнатӣ пешбинӣ шудааст ва барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо мақсади машғул шудан ба фаъолияти меҳнатӣ ба Россия рафтаанд, як навъ роҳнамо мебошад.

Тариқи ин сомона муҳоҷирон метавонанд маслиҳатҳои ҳуқуқӣ бигиранд, бо қонунҳои муҳоҷиратии Федератсияи Россия шинос шаванд, дар бораи ҳаёту фаъолияти донишҷӯёни тоҷик ва ҳамватанони кордони худ, ки дар Россия бо тиҷорат машғул шуда, комёб ва сарватманд гаштаанд, маводи ҷолибро мутолиа намоянд.

"Сомонаи Таджики-россии.рф ҳамчунин барои пайдо кардани кори муносиб дар Россия ба муҳоҷирони меҳнатие, ки ба тозагӣ ба ин кишвар омадаанд, кӯмак мерасонад. Дар саҳифаҳои ин сомона рӯйхати ҷойҳои холии кориеро метавон пайдо намуд, ки дар он ҷо муҳоҷиронро бегуфтугӯ ба кор қабул мекунанд ва музди меҳнаташон низ сари вақт пардохт карда мешавад", - гуфт Салимзода.

Ба баёни ӯ, тариқи ин сомона ҳатто чиптаҳои ҳавопайморо барои парвоз ба шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Россия ва бозгашт ба Ватан харидорӣ намудан мумкин аст.

Бояд гуфт, ки сомона ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик барои мутобиқ шудан ба шароити зисту зиндагӣ дар Россия ва ошноӣ бо қонунҳо ва фарҳанги ин кишвар кӯмак мерасонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД