Formula september
Дар Русия боз 5 тоҷикро барои терроризм ҳабс карданд
741


Суди низомии Екатеринбург панҷ зодаи Тоҷикистонро барои омода кардани ҳамлаҳои террористӣ дар вилояти Свердловск маҳкум кардааст.

Ба зикри расонаи “It’s My City”, Анваршоҳ Авезов, Нуралӣ Дӯстов, Сангинмурод Мусофиров, Шаҳромҷон Мусофиров ва Абубакр Сангчаров бо ҳукми суд аз 5 то 25 соли зиндонро дар маҳбаси низомаш сангин мегузаронанд.

Ба гуфтаи муфаттишон, онҳо дар вилояти Свердловск бо истифода аз маводи тарканда ба ҳамлаҳои террористӣ омода мешудаанд. Аз моҳи май то сентябр номбурдагон барои пайдо кардани тарафдор тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғ мекардаанд.

Додрас Андрей Скачков ба Мусофиров Шаҳромҷон 16 соли зиндон, Анваршоҳ Авезов 18 соли зиндон, Нуралӣ Дӯстов 17 соли зиндон таъин намудааст. Номбурдагон ҳамчун узви гурӯҳи террористӣ бо қисми 2-и моддаи 205 (4)-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия гунаҳкор карда шудаанд. Додгоҳ ҳамчунин ҳар кадоми онҳоро 350 ҳазор рубл ҷарима бастааст.

Мусофиров Сангинмурод ва Абӯбакр Сангчаров аз ҳама тӯлонӣ ба 24 ва 25 соли зиндон барои ҷалб (қисми 1.1 моддаи 205.1 Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия) ва таъсиси созмони террористӣ (қисми 1 моддаи 205.4-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия) маҳкум шудаанд.).

Назари боздоштшудагон ё вакилони мудофеашон дастрас нест. Маълум нест, ки онҳо кай ва дар кадом шароит боздошт шудаанд. Таҳлилгарон бар ин боваранд, ки ин одамон дар муҳоҷират мағзшӯӣ шудаанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД