shoh palace
ДАР РУСИЯ ПАДАР МЕКОБАМ!
15.01.2021
Р. Азимӣ
3077

 

Санҷарбекам, шаҳрванди Тоҷикистону зодаи Ҳисори зарнисор. Се моҳ мешавад, ки дар Маскаву Сочӣовораву сарсонам. Ба Руссия на барои пулкоркунӣ, балки бо мақсади пайдо карда ба хона баргардонидани падарам Анваршо омадам. Ҳамсоябачаҳо гуфта буданд,ки дадаатро тез-тез масту махмур дар назди бари «Сервана» медидем.

Ба Русия омадам, ки падарамро ёфта ба хона барам, вале ҷустуҷӯҳоям натиҷа надоданд. Аллакай се моҳ шуд дар ҳамон кӯчае, ки нишонияшро ҳамсояҳо дода буданд, дадаамро мекобам, аммо касе дар бораи чизе намедонад. Аксашро ба касе нишон надиҳам, китф дарҳам кашида «надидаам» мегӯяд ва даст афшонда гузашта меравад. Падарам гӯё замин фурӯ бурода бошад, бедарак аст. Ростӣ, ҷонбезор шудаам аз сарсонию саргардонию кофтукобҳои бефоидаю беохир. Қалам ба даст гирифтам, то ба модарам бо воситаи сайти аз ҳама машҳур «Оила» бигӯям:

-Очаҷон, дадаам дар ягон кунҷи шаҳр нест. Дигар тоқатам намонд, иҷозат диҳед, ки ба Ватан баргардам!

Санҷарбек аз Сочӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД