Arzon march 2024
Дар Тоҷикистон тавлиди чоргоникҳо афзудааст
665

Тайи чанд соли охир дар оилаҳои тоҷик тавлиди кӯдакони чоргоник бештар ба назар мерасад. Дар як моҳи соли ҷорӣ аллакай дуввумин оилаи хушбахт якбора соҳиби чор кӯдак гардиданд. Дар Тоҷикистон соли 2023 низ кӯдакони сегоник ва чоргоник таваллуд шуда буданд.

Ҳанӯз 24 августи соли 2023 дар деҳаи Боботағои шаҳри Истаравшани вилояти Суғд чоргоникҳо ба дунё омаданд. Чаҳоргоникҳо се писар ва як духтар буда, онҳоро ҷавонзани 20-сола Меҳрангез Раҳимова ба дунё овард.

Ӯ то тавлид ёфтани нахустфарзандонаш ду моҳ дар Таваллудхонаи вилоятиии шаҳри Хуҷанд зери назорати духтурон қарор дошт. Фарзандони ӯ бо вазни аз 1 килою 700 грамм то 2 килою 600 грамм ба дунё омадаанд.

Ҳамзамон, дар давоми соли 2023 Парвина Очилова аз деҳаи Гулободи ноҳияи Деваштич сегоник ба дунё овард. Онҳо се духтар мебошанд. Ӯ қабл аз тавлиди сегоникҳо се фарзанди дигар дошт.

24 ноябри соли 2023 низ дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дар Рӯзи Парчами миллии Тоҷикистон сегоник ба дунё омад. Модари онҳо Тахмина Эмомова ном дошта, 22 сол дорад. Ӯ сокини деҳаи Заркамари ҷамоати деҳоти Миралӣ Маҳмадалиев мебошад.

Дар соли 2023 дар Тоҷикистон таваллуди шашгоник низ ба қайд гирифта шуда буд. Модари шашгоникҳо Муборак Соҳибова аз ноҳияи Спитамен буда, ду писар ва чор духтар ба дунё овард. Мутаассифона, баъд аз чанд рӯз ҳамаи тифлакон бо сабаби вазни бениҳоят кам доштанашон вафот карданд.

Тавлиди кӯдакони чоргоник дар соли 2024 низ ба қайд гирифта шуд. 14 -уми январ Миҷгона Асоева, сокини деҳаи Қизилқалъаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, чаҳоргоник ба дунё овард. Чоргоникҳо ду писар ва ду духтар мебошанд.

Санаи 25-уми январ низ дар Тоҷикистон чоргоникҳо ба дунё омаданд. Чаҳоргоникҳо дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” таваллуд шудаанд. Онҳо се духтар ва як писар мебошанд.
Ҳамзамон, дар соли 2015 Гулшан Маҷнуноноваи 26-сола рӯзи 4 феврал дар шаҳри Душанбе чаҳоргоник ба дунё овард.

24-августи соли 2016 сокини деҳаи Дашти Мирзои ноҳияи Файзобод Шаҳодатхон Нуралиева якбора соҳиби чаҳор кӯдак гардид. Онҳо ду писар ва ду духтар буданд. Соли 2018 низ дар Тоҷикистон тавлиди чаҳоргоник ба қайд гирифта шуд. Модари чаҳоргоникҳо Заррина Неъматоваи 22-сола мебошад. Кӯдакони онҳо се духтар ва як писар мебошанд.

Моҳи июни соли 2022 низ як сокини 27-солаи Чоркӯҳи Исфара чаҳор духтар таваллуд карда буд. Онҳо бо роҳи ҷарроҳии қайсарӣ дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд ба дунё омаданд.

Дар соли 2020 як зодаи ноҳияи Қубодиён панҷгоник ба дунё овард. Аз рӯи афзоиши аҳолӣ дар байни кишварҳои пасошӯравӣ Тоҷикистон дар ҷойи аввал меистад. Ҳамзамон, дар ин кишвари биҳиштосо тавлиди чаҳоргоникҳо бештар ба назар мерасад.

Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД