gazprom august 2025
Дар Ӯзбекистон ба хотири Муҳсин Муҳаммадиев бозии хайриявӣ баргузор шуд
10.09.2025
Oila.tj
180

Дар ҳамсоякишвари мо Ӯзбекистон ба хотири дастгирии собиқ ҳамлагари тими “Динамо”-и Самарқанд ва тими миллии Тоҷикистон - Муҳсин Муҳаммадиев, ки феълан дар бистари беморӣ аст, бозии хайриявӣ доир шуд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, ин рақобат таҳти унвони “Муҳсин, мо бо туем!” сурат гирифта, дар он собиқ футболбозони бошгоҳи “Динамо” ва тими миллии Ӯзбекистон нерусанҷӣ намуданд.

Вохӯрии мазкур дар варзишгоҳи марказии шаҳри Самарқанд сурат гирифта, бо натиҷаи мусовӣ - 4 бар 4 ба поён расид. Аз ҳайати “Динамо” Ҷаъфар Ирисметов дубл кард. Баҳодир Насимов ва Ҳамдам Раҳмонов бошанд, муаллифи якголӣ шуданд. Аз тими миллии Ӯзбекистон бошад, Леонид Кошелев, Азамат Абдураимов, Ғулом Ҳалимтоев ва Акмал Холматов голҳоро ба номи худ сабт намуданд.

Пас аз анҷоми бозӣ тамоми бозигарон, мураббиён ва иштирокчиёни бозии хайриявӣ акси хотиравӣ гирифта, барояш саломатии бардавом таманно намуданд.

Ба иттилои дафтари матбуотии тими “Динамо”, маблағе, ки аз ҳисоби фурӯши чиптаҳои ин дидор ба даст омад, пурра барои табобати Муҳсин Муҳаммадиев равона гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД