Arzon march 2024
Даспӯшакҳои зимистонаро чи гуна бояд интихоб кард?
6383

 Зимистон яке аз сардтарин фаслҳои сол ба шумор меравад, бинобар ин, дар ин давра мо бояд худро аз сармо муҳофизат намоем, то шамол кашида, ба ҳар хел бемориҳо гирифтор нашавем.

Яке аз роҳҳои муҳофизат аз хунукӣ ин пӯшидани дастпӯшакҳои гарм мебошанд. Дастпӯшакҳо на танҳо дастони шуморо дар фасли сармо гарм нигоҳ медоранд, балки ҳамзамон аз хурӯҷи бемориҳои музмин низ муҳофизат мекунанд.

Вақте ки дастҳо аз хунукӣ муҳофизат карда намешаванд, гардиши хун суст шуда, таъминоти хун ба бофтаҳо кифоят намекунад. Кадом дастпӯшҳо беҳтаранд?

  1. Даспӯшакҳое,ки аз пахта ва пашм тайёр карда мешаванд Ин дастпӯшҳо дастони шуморо аз хунукӣ муҳофизат мекунанд, бар замми ин, дастро арақкунӣ намемонанд.
  2.  Дастпӯшакҳои классикӣ Дастпӯшакҳои классикӣ-ин дастпӯшакҳое мебошанд,ки аз пашми ҳайвонҳо бофта мешаванд. Ин дастпӯшакҳо дастони шуморо дар ҳавои сард ё ҳангоми моҳидорӣ ва ҳама гуна фаъолияте, ки шамол ва намӣ дорад, гарм нигоҳ медоранд.

Дастпӯшакҳои чармӣ Навъи дигари дастпӯшакҳои зимистона ин дастпӯшакҳои чармӣ мебошад. Пӯсти дастпӯшак ҳангоми ламс кардан бояд нарм ва ҳамвор бошад. Маъмулан дастпӯшакҳои чармӣ аз пӯсти бузу гӯсфанд тайёр карда мешавад. Пӯсти дастпӯшаки аз чарми гӯсфанд тайёр шуда нармтар ва зич буда, худи чарм тобиши баланд дорад

 Интихоб дурусти дастпӯшакҳои зимистона Ҳангоми интихоби дастпӯшакҳои зимистона бояд ин чизҳоро ба инобат гирифт:

1.Вақте дастпӯшак мехаред, ҳатман андозаашро пурсон шавед. Андозаи ҳадди ақал аз 16 оғоз меёбад. Андозаи дастпӯшак бояд ба дастони шумо мувофиқ бошад ва барои ҳаракати ангуштонатон ягон монеъа эҷод накунад.

2. Ҳангоми харидорӣ кардани дастпӯшакҳои чармӣ моли асил ё қалбакӣ буданашро санҷед. Усули машҳуртарин ва қадимии санҷиши даспӯшакҳои чармӣ тавассути бӯй мебошад.Бӯйи даспӯшакҳои аслӣ аз қалбакӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Барои санҷиш як пораи пӯстро оташ занед. Ҳангоми оташ задан чарми ҳақиқӣ бӯи хосе мебарорад. Даспӯшакҳое, ки касро аз бемориҳои сироятӣ ҳимоя мекунанд Дастпӯшакҳои латекс ва нитрил беҳтарин даспӯшакҳое мебошанд,ки касро аз бемориҳои сироятӣ муҳофизат мекунанд.

Ин дастпӯшакҳо хеле устувору чандир буда, тамоси боэътимодро бо пӯст таъмин месозанд ва муҳимтар аз ҳама, нисбат ба дигар навъҳои дастпӯшак ҳассосияти ламсии хеле баланд доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД