Formula september
Дастурхони солинавӣ бояд чӣ гуна бошад?
5306

Ширину хотирмон гузаштани ҷашни соли нав аз бисёр ҷиҳат ба ҳунар ва маҳрати кадбонуи хонадон вобастагӣ дорад. Бонувоне ҳастанд, ки бо сарфу хароҷоти начандон зиёд хони шоҳона меороянд, вале зан бе ҳунар бошад, бо анъвои хӯрданиҳои лазиз низ дастурхон зебу зиннат пайдо намекунад.
Барои дуруст чидани мизи идона ва оро додани дастурхони солинавӣ баъзе қоидаҳоро ҳатман донистан ва риоя кардани хонумҳ зарур аст.
1. Фаромӯш накунед, ки соли 2022 соли паланг аст. Паланг бисёр ҷонвари зирак ва шуҷоъу пурқувват бошад ҳам, шикорчии танҳост ва шӯру мағалро дӯст намедорад. Аз ҳамин хотир соли навро дар тарабхонаю дискотека не, дар ҳалқаи аҳли оила, хешу табор ва ёру дӯстони наздиктарин ҷашн бигиред.
2. Ороиши асосии солинавӣ ин албатта арча аст, вале мизи идона бояд мисли арчаи сарсабз зебою дилкаш ва назаррабо бошад.
Қоидаҳои оростани дастурхони солинавӣ
Албатта чи гуна оростани дастурхон ба ҳунару маҳорати кадбонуи хонадон вобаста аст, вале қоидаҳои умумие ҳастанд, ки дар сурати риоя намуданашн дастурхони идона шукӯҳу шаҳомати хоса пайдо мекунад.
1. Паланг равшании аз ҳад зиёдро хуш надорад, агар чароғҳоро хомӯш карда, дар гирди миз ё дастурхони солинавӣ шамъҳоро фурӯзон карда монед, базми идонаи шумо афсонавӣ ба назар мерасад.
2. Ба арчаи солинавӣ дар қатори бозичаҳо ва гирляндаҳои рангоранг ҳамчунин оташакҳои ранга печонед. Вақте ин оташакҳо ба бозӣ медароянд, манзили шумо ба як макони сеҳрнок монанд гашта, меҳмононатон худро худро дар олами руъёҳо эҳсос хоҳанд кард.
3. Дастурхон, сачоқчаҳо ва зарфҳое, ки шумо дар рӯйи миз ва ё дастурхони идона мегузоред, бояд бо ҳам муофиқат намоянд ва ҳамранг бошанд.
4. Аз истифодаи зарфҳои кабуду сабзи пургул ва нақшин худдорӣ намоед. Агар дар мизи идона зарфҳои рангашон сафеди атрофашон бо зарҳал оро дода шударо гузоред, дастурхони шумо бо шукӯҳ ба назар мерасад.
5. Албатта ҳар як кадбону барои базми идона хӯришҳои гуногун тайёр мекунад, қандинаҳои рангоранг ва тор мепазад. Дар рӯйи яке аз хӯришҳо ва ё торти солинавӣ акси палангро тасвир намуда онро дар маркази дастурхони идона гузоред, то хони шумо ба ҳокими сол хуш оянд.
6. Агар шумо ба базми солинавиатон меҳмон даъват карда бошед, ҳатман дар ҷое, ки меҳмонҳо мешинанд, дар радифи табақчаю шохин ва финҷон ягон тӯҳфаи хурдакак гузоред. Шарт нест, ки тӯҳфа қиматбаҳо бошад, вале он эҳтироми шуморо ба меҳмон ифода хоҳад кард.
7. Паланг шоҳи ҳайвонот буда, базми шоҳонаро дӯст медорад, бинобар ин, кӯшиш намоед, ки дар дастурхони идонаатон таомҳои гӯштӣ зиёдтар бошанд. Мурғи дар тафдон пӯхташуда, сихкабоб ва моҳибирён барои пешвозгирии соли нави мелодӣ беҳтарин ғизоҳо ба шумор мераванд. Фақат як нуктаро фаромӯш накунед, агар хони худро бо моҳибирён зиннат доданӣ бошед, моҳиро майда накунед, балки дар шакли бутун пазед. Моҳии бутун зеботар ба назар мерасад ва мизи оростаи шуморо бисёр бошукӯҳ ҷилва медиҳад.
8. Аксари бонувони муосир коргар ҳастанд ва барои пухтупаз кардан вақт намеёбанд. Барои он ки дар назди меҳмонҳо хиҷолат накашед, метавонед барои мизи идонаатон аз мағозаи фирмавии “Шоколатье” торту шириниҳои хуштамъу болаззат харидорӣ намоед. Бонувоне, ки шириниҳои туркиро дӯст медоранд, аз Merhabа паҳлава, лахат-лукум ва дигар шириниҳои асили туркиро фармоиш диҳанд ва бо 20% тахфиф дастрас намоянд.
9. Барои он ки мизи солинавии шумо зеботар ба назар расад, метавонед ба пояи финҷонҳо (бакалҳо) лентаҳои борики рангоранг бубандед.
10. Дар байни миз ё дастурхони идона арчаи хурдакакеро гузошта, шумо базми солинавӣ будани маҳфилро таҷассум хоҳед кард. Имконияти харидани арчаи сунъиро надошта бошед, дар чор гӯшаи миз ё дастурхони идона шохчаҳои арчаро дар зарфҳои шишагин ё булурин-вазачаҳои хурдакак гузоред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД