Sebiston new 2024 october
Дилам ба ёди зану кӯдаконам гум мезанад, вале...
07.10.2024
БАҲРОМ
2757

Салом! Баҳром ҳастам, як муҳоҷири тоҷик аз шаҳри Тюмени Русия. Душвориҳои инҷоро фақат ҳамон касоне медонанд, ки дар Тюмен кор кардаанд. Дар сармои қаҳратун мо - муҳоҷирони тоҷик барои чор танга пул 10-12 соат меҳнат мекунем.

Дар ҳавои 40-45 дараҷа хунук семент шӯридану хишт чидан ва дигар корҳои сохтмониро анҷом додан ба гуфтан осон аст, вале ба қавли Бедил:

Зиндагӣ бар гардан афтодаст, Бедил, чора чист?

Шод бояд зистан, ношод бояд зистан.

Хулласи калом, барои он ки аҳли оилаамон як бурда нон ёфта хӯранд, ҷонамонро дар кафи даст гирифта, дар барфу ях дар ошёнаҳои баланд кор мекунем, моҳҳо аз хонаву хонавода дур бо сад ранҷу азоб зиндагӣ мекунем, аммо ба қадри марди муҳоҷир кӣ мерасад?!

Дар урфият мегӯянд, ки “Гапи худиро бигӯӣ, меҳри бегона мепарад”, вале баъзан кору рафтори одамони наздикаш касро бисёр дилозурда месозад. Шахсан ман қариб 5 сол боз зану фарзандонамро надидаам. Ба хотири он ки хоҳаронамро ба обрӯ ба шавҳар дода, додарамро хонадор кунем, ҳатто як моҳ ҳам рухсатӣ гирфта ба ватан нарафтам, то пули кироӣ кор кунам ва ҳамаи ин маъракаҳоро бемалол гузаронанд. Падару модарам тӯйҳои бодабдаба ороста, фарзандонашонро хонадор карданд. Ман аз ин бисёр шодам, ки фарзандони падарам хонаобод шуданд, вале дилам ба ёди кӯдаконам гум мезанад. Мехоҳам ақаллан барои ду-се моҳ онҳоро ба наздам биёрам, аммо волидонам ҳеҷ розӣ нашуда истодаанд. Ҳар гоҳ, ки дар ин бора гап кушоям, дарҳол ба даҳонам зада, мегӯянд: “Занака чию Россия рафтанаш чӣ?! Як бор, ки бурдӣ, омӯхта мешавад. Зану фарзандонатро барӣ, маҷбур мешавӣ, ки ба ҳар кадомашон паспорти хориҷӣ бигирӣ, билети рафту омад харӣ, хонаи алоҳидаеро иҷора гирифта, онҳоро хӯронию пӯшонӣ ва пули бисёреро беҳуда сарф кунӣ. Келина ҷош созай, хизмати моро карда мегардад, ту аз паси корат шуда, пул равон кун...”.

Мефаҳмам, ки синну соли падару модарам ба ҷое расидааст ва онҳо ба хизмати ҳамсари ман ниёз доранд, вале охир ман ҳам инсонам ва дил дорам. Мехоҳам зану фарзандонам дар барам бошанд. Шояд ман хато мекунам?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД