Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "АРВИС" –номи ин ширкат имрӯз натанҳо дар бозори дохилии Тоҷикистон, балки дар хориҷи кишвар низ барои бисёриҳо ошност. Ҳарчанд ширкат хеле ҷавон буда, ҳамагӣ 1, 5 сол қабл ифтитоҳ ёфтааст, он бо истеҳсоли маҳсулоти хеле хушсифатии миллии ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй, аллакай дар бозор мавқеъи хоси худро пайдо намудааст.
ҶДММ "АРВИС" чиҳо истеҳсол мекунад?
ҶДММ "АРВИС" корхонаи замонавӣ буда, асосан аз нахи тозаи пахта маҳсулоти гуногуни бофандагӣ истеҳсол менамояд. Сачоқҳои гуногунҳаҷми хушсифат, халатҳои хушдӯхт барои кӯдакон ва занону мардон ва анвои либосҳои гуногуни пахтагини ARVIS чашми касро бо зебогиашон ба худ мафтун мекунандй. Корхона дар маҷмӯъ 500 намуд маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаро истеҳсол ва ба муштариён пешниҳод менамояд, ки барои саломатии инсон комилан безарар мебошад.
Иқтидори истеҳсолии корхона
ҶДММ "АРВИС" як корхонаи навтаъсиси пуриқтидор буда, дар як сол зиёда аз 3000 тонна калобаи пахта ва дар як шабонаруз то 15 ҳазор килограмм коркард мекунад. Ширкат дорои таҷзиҳоти навтарини техникӣ буда, раванди истеҳсолот аз коркарди ашьёи хом, то махсулоти тайёр ба пуррагӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосир, ки аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ба мисли Олмон, Белгия, Туркия, Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ оварда шудаанд, сурат мегирад.
Маҳсулоти хушсифати тоҷикӣ бо меъёрҳои ҷаҳони муосир
Маҳсулоти ширкати ҶДММ "АРВИС" ҳам дар дохили Тоҷикистон ва ҳам дар хориҷи кишвар талабгорони зиёде доранд. Аз ҷумла Аквапарки Dream Beach "Ҷазираи Орзуҳо" –и Маскав, як силсила супермаркетҳо, Crocus Fitness (Франшизаи Душанбе, меҳмонхонаҳо, марказҳои истироҳатӣ ва санаторияву курорҳо, фитнесс-клубҳо, клиникаҳои тиббӣ, зебоӣ ва бузургтарин яклухтфурӯшон ва дистрибюторҳо дар Тоҷистон бо камоли майл аз маҳсулоти хушсифати ширкат истифода мебаранд.
Ҳамкориҳои хориҷӣ
Маҳсулоти хушсифати ҶДММ "АРВИС" дар хориҷи кишвар низ муштариёни зиёде дорад. Анвои маҳсулоти ширкат ба Озарбойҷон, Қазоқистон, Белорус ва Русия интиқол дода шуда, хеле хуб ба фурӯш меравад.
Коллективи корхона
ҶДММ "АРВИС" натанҳо дар истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ватании ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй, балки дар таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ низ нақши хоси худро дорад. Дар корхонаи мазкур зиёда аз 200 нафар бо ҷойи кор ва музди арзандаи меҳнат таъмин гаштаанд, ки аксарияташон занону духтарон мебошанд. Ширкат мақсад гузоштааст, ки шумораи кормандони худро то 600 нафар расонад.
ҶДММ "АРВИС"-қадами устувор дар рушди саноати нассоҷӣ
Хулоса, ширкати ҶДММ "АРВИС" танҳо як корхонаи истеҳсолӣ набуда, дар рушди саноати нассоҷии тоҷик саҳми арзанда дорад. Ин ширкати ҷавон бо истеҳсол ва пешниҳоди анвои маҳсулоти хушсифати миллӣ ба бозорҳои ҷаҳон обрӯ ва нуфузи саноати Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ рӯз то рӯз баландтар бардошта истодааст .