goodwell
Додгоҳи ИМА барои аз нав оғоз намудани бақайдгирии Green Card қарор содир кард
15.10.2026
Oila.tj
65

Додгоҳи федералии ҳавзаи ҷанубии Калифорния аз Департаменти давлатии ИМА талаб кардааст, ки бақайдгирии лотереяи Green Card-ро, ки дар охири соли 2025 боздошта шуда буд, аз нав оғоз кунад.

Тибқи иттилои Forbes.kz, дар аввал қарор буд, ки бақайдгирӣ 18-уми октябр оғоз шуда, 30 рӯз идома ёбад. Аммо бо дархости ҷонибҳо муҳлати он ду ҳафта ба таъхир гузошта шудааст. Бар асоси ҷадвали нави зикршуда, бақайдгирӣ бояд на дертар аз 1-уми ноябр оғоз гардида, натиҷаҳои интихоб то 3-юми декабр эълон шаванд.

Бо вуҷуди ин, қарори додгоҳ ҳанӯз маънои қатъӣ барқарор шудани барномаро надорад. Маъмурияти Доналд Трамп метавонад аз болои он шикоят барад.

Ёдовар мешавем, ки лотерея моҳи декабри соли 2025 пас аз тирпарронӣ дар Донишгоҳи Браун боздошта шуда буд. Дар ин ҳодиса ду нафар, аз ҷумла донишҷӯ аз Ӯзбекистон Муҳаммадазиз Умурзоқов ба ҳалокат расиданд. Баъдан маълум шуд, ки гумонбари ҳодиса соли 2017 тавассути барномаи Green Card ба ИМА омада, мақоми истиқомати доимиро гирифтааст.

Барномаи лотереяи раводиди муҳоҷиратии ИМА аз соли 1990 амал мекунад ва ҳамасола имкони гирифтани яке аз то 55 ҳазор раводидро фароҳам меорад. Ғолибон метавонанд дар ИМА зиндагӣ ва кор кунанд ва дар оянда барои гирифтани шаҳрвандӣ муроҷиат намоянд.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ низ дар ин барнома иштироки фаъол доранд. Тибқи натиҷаҳои интихоб, ки моҳи майи соли 2025 эълон шуда буданд, аз Ӯзбекистон 5 564 нафар интихоб гардидаанд.

Ҳоло таваҷҷуҳи довталабон ба иқдомҳои минбаъдаи мақомоти ИМА равона шудааст. Муҳлати ниҳоии бақайдгирӣ ва ояндаи барнома аз иҷрои қарори додгоҳ ва эҳтимоли шикояти маъмурияти Амрико вобаста хоҳад буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД