Ассалому алейкум. Мехостам ба мақомоти дахлдор оид ба хонадоршавии ҷавонон як пешниҳод намоям. Вақте хонаводаи домодшаванда ба духтаре, ки дар донишгоҳ мехонад, хостгор мешаванд ва бо чандин ваъдаҳо мегӯянд, ки мо мехононем ва дар вақти донишҷӯӣ дастгирӣ мекунем, уҳдадор шаванд, ки ба ваъдаашон вафо мекунанд.
Бигзор мақомоти дахлдор дар вақти ақди никоҳ бо имзои тарафайн инро тасдиқ намоянд. Ҳамчунин, баъдан дар донишгоҳ назорат баранд ки донишҷӯ баъди арӯс шудан таҳсилро давом дода истодааст ё не, агар не, бояд фаҳманд, ки бо чӣ сабаб? Дар сурати бесабаб аз таҳсил боздоштани арӯс оилаи домодро даъват намуда, аввал огоҳ намоянд ва баъдан, вақте ки иҷро накарданд, ҷарима банданд.
Ҳастанд оилаҳое, ки бо ду ё се фарзанд вайрон шудаанд, падар алимент месупораду тамом, баъзеашон ҳамонро ҳам намесупоранд. Ҳамаи масъулият ба дӯши модари танҳою бечорае, ки ҳатто соҳиби диплом нашудааст, мемонад. Модари бемаълумот онҳоро чӣ хел хӯрондаву мепӯшонад? 4-5 соли донишҷӯӣ тез гузашта меравад, лекин дониши гирифта солҳои зиёд баҳра меорад. Маълумоти олии зан натанҳо барои буҷети оила, балки барои тарбияи фарзандон низ таъсири мусбат дорад.
Бинобар ин, ба ин масъала бояд таваҷҷуҳи вежа сурат бигирад. Тарафаи қудо вақте духтари мардакро бо ҳазор ваъда мебаранд, бояд масъулият эҳсос намоянд. Тавре мегӯянд, “ваъда додӣ, вафо кун!”.
МАВЛУДА, ш. Хуҷанд