1xbet
Душмани ширин (ҚИСМИ 1)
1355

Сарабеку Асила бо дўстдории зиёд ва ризоияти волидайн риштаи издивоҷи хешро баста буданд. Онҳо дар як деҳа ба дунё расида бузург шуданд, дар як синф пушти як парта аз муаллимон сабақ омўхтанд ва оҳиста-оҳиста муносибатҳои онҳо мустаҳкамтар реша давонданду ба ишқу муҳаббат мубадал гардиданд.

Пас аз хатми мактаб Сарабек ба пойтахт барои хондан омаду Асила бошад, азизи дилашро интизор дар деҳа монд. Асила духтари соҳибҷамоли панҷ панҷааш ҳунар ки буд, хостгорони зиёде дошт. Сарабек пас аз як соли таҳсил ба деҳа барои истироҳат омада, инро фаҳмида, падару модарашро барои хостгорӣ ба хонаи волидони духтар фиристод. Чун калоносолон дар бораи дўстдориҳои ҷавонон хабар доштанд, бо хушнудӣ ризоияти хешро доданд.

Волидони Сарабек тўйи хубе бо ширкати аҳли деҳа ва ҳамсабақони писарашон ороста карда, келини соҳибҷамолашонро ба хона оварданд. Аз байн чанде гузашту Сарабек ба пойтахт баргашту Асила бо хусуру хушдоман ва пайвандони шавҳар дар деҳа монд. Ў бо сари хам хизмати аҳли оиларо мекард ва ҳамеша раҳмат мешунид. Бо гузашти солҳо Сарабек донишгоҳро хатам намуд, чун ихтисосаш вобаста ба иқтисод буд, ўро бо роҳхати донишгоҳ ба як корхонаи бонуфузе ба кор фиристоданд.

Ҷавонмард хобгоҳи оилавӣ гирифта, ҳамсарашро овард, ҷавонон бо дуои неки волидайн зиндагии мустақилонаи худро дар шаҳр оғоз карданд. Аз зиндагии ин ҷуфти зебанда панҷ сол сипарӣ шуда бошад ҳам, ниҳоли ҳаёташон бор наоварда буд. Асила аввалҳо бепарво буд, зеро дар деҳа аз зиёд будани кори хона, ҳатто фикри бефарзандияш ба сараш намезад, аммо дар шаҳр танҳоиро эҳсос мекард. Чун аз тирезаи хонааш ба берун менигарист ва медид, ки модарони ҷавон аробачаи кўдаконашоро бо меҳр ронда ба сайругашт мебароянд, дилаш об мешуд.

Як шаб ў дарди дилашро ба шавҳараш гуфту субҳи дигар Сарабек аз кор ҷавоб пурсиду ҳарду ба духтур рафтанд. Духтур баъди чанд рўзи муоина ва дидани натиҷаи ташхисҳо ба хулосае омад, ки айб дар Асила асту худи ҳамон рўз ба табобат оғоз карданд. Пас аз як соли муолиҷаву дар ба дари духтурҳо гаштан, Асила ҳомила шуд. Хурсандии зану шавҳар ҳадду канор надошт, охир, беҳуда фарзандро беҳтарин неъмати Худовандӣ нагуфтаанд. Пас аз гузаштани даври ҳомилагӣ писараки дўстрўе ба дунё омад, ки номашро Умедҷон монданд.

Пас аз тавлиди Умедҷон зиндагии ҷуфти ҷавон ҷараёни дигар гирифт. Ба онҳо аз тарафи корхона мувофиқи навбаташон хонаи дуҳуҷрагии алоҳида ҷудо карданд ва Сарабекро ба кори баландтар гузарониданд.

Асила ин ҳамаро аз пою қадами писараки азизаш дониста, Худоро шукр мегуфт, ки барояш чунин хушбахтиро арзонӣ доштааст.

Ин рўзҳои хуш дер давом накарданд ва дар кишвар оташи ҷанги шаҳрвандӣ фурўзон гашт. Бо бад шудани вазъ, корхонае, ки Сарабек кор мекард, баста шуд ва ҷавонмард бекор монд. Онҳо дигар илоҷе надоштанд ва калиди хонаашонро ба ҳамсоя дода, бо як азоб ба деҳаи бобоӣ роҳ пеш гирифтанд. Дар деҳа низ вазъ чандон хуб набуд, Сарабек, ки бекориро ба худ ор медонист, дар мактаби деҳаашон муаллими математика шуда ба кор даромад. Он солҳо ба муаллимон маош намедоданд, вале хоҷагӣ маоши онҳоро бо маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, аз қабили мошу лӯбиё, пиёзу картошка, гандум ва дигар чизҳо ҷуброн мекард. Сарабек ба ҳамин ҳам шукрона гуфта, аз таҳти дил ба фарзандони деҳааш илми риёзӣ меомўхт. Зиндагӣ дар маҷрои худ равона буду одамон бо умеди рўзи нек зиндагӣ мекарданд. Худо раҳми миллати моро хурду оташи низоъ хомўш гашт, мардуми фирорӣ чун мурғакони муҳоҷир оҳиста-оҳиста ба лонаҳои хеш бармегаштанд.

(Давом дорад)

Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД