Sebiston new 2024 october
Фаридун: Агар падарам барнагардад, худамро мекушам!
4569

 Чанде пеш ба идораи сомонаи Oila.tj писараки 12-солае тариқи телефон дар иртибот гашт. Номбурда Маърупов Фаридун, зодаи Истаравшани бостонӣ буда, аз он шиква намуд, ки падараш 8-сол пеш ба Русия рафта, дар он ҷо бо зани дигаре издивоҷ намудааст.

Айни замон вазъи зиндагии онҳо хеле бад буда, писарак ҳатто либоси дурусте надорад, ки ба бар намояд. Фаридун мавриди мазоқу масхараи ҳамсолонаш қарор гирифта, азоби руҳӣ мекашад. Мавсуф бо садои гиряолуд иброз дошт, ки аз чунин зиндагии сагона безор шуда, даст ба худкушӣ задан мехоҳад, вале андешаи он ки баъди сари ӯ ҳоли модари бемораш чӣ мешуда бошад, ӯро аз ин роҳ боз медорад. Хоҳарчаи 9-солааш бо сабаби ҳуҷҷат надоштан наметавонад дар мактаб таҳсил намояд. Фаридун ба хотири пайвандонаш ба ҳама кор тайёр аст, вале бо сабаби хурдсол буданаш ӯро дар ягон ҷо ба кор қабул намекунанд. Ҳамин шабу рӯзҳо онҳо дар хона ҳатто нони хӯрдан надоранд, бибиву бобояшон “дарди сари зиёдатӣ”- гӯён, дарашонро ба рӯйи набераҳо баста, онҳоро аз хонаи худашон пеш карданиянд.


ФОҲИША ҲАМ РӮИ БИҲИШТРО МЕБИНАД


Мақсади писарак аз муроҷиат ба сомонаи Oila.tj дарди дил гуфтан буда, бо ин восита ба падараш гуфтанист:
Падарҷон, ба хубӣ ба хона баргардед, вагарна ман худамро мекушам!
Ин навраси бо нангу номус мехоҳад зиндагии волидонашро дубора барқарор намояд ва оилаашонро аз сарсонию гуруснагӣ наҷот диҳад.
Саргузашти Фаридун моро бетараф нагузошт ва бо модари ӯ дар тамос шудем. Ҷавонзан дар ҳақиқат бемор будаасту аз ҳолпурсии мо ба риққат омада, гирист ва иқрор шуд, ки шавҳараш онҳоро 8-сол пеш партофта рафтааст. Вай 29-сола буда, ду фарзанд дорад. Модар аз он хавотир аст, ки писараш Фаридун аз чунин ҳаёти пурдарду ғам ҷонбезор шуда, ягон рӯз худро ба дор овехта накушад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД