Пойгоҳи таҳлилии Brand Finance раддабандии навшудаи гаронбаҳотарин бошгоҳҳои футболии ҷаҳонро нашр кард. Раддабандӣ барои соли 2026 тартиб дода шудааст.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш, “Реал Мадрид” баландтарин бренд боқӣ мемонад, ки арзиши он 2,36 миллиард евроро ташкил медиҳад. “Барселона” дар ҷойи дуюм (1,94 миллиард евро) мебошад. “Арсенал” дар ин рӯйхат (1,51 миллиард евро) зинаи сеюмро ишғол менамояд.
Бошгоҳҳои футболи гаронтарин аз рӯуи арзиши бренд то соли 2026:
“Реал Мадрид” – 2,36 миллиард евро
“Барселона” – 1,94 миллиард евро
“Арсенал” – 1,51 миллиард евро
“Бавария Мюнхен” – 1,49 миллиард евро
“Пари Сен-Жермен” – 1,48 миллиард евро
“Манчестер Сити” – 1,46 миллиард евро
“Ливерпул” – 1,45 миллиард евро
“Манчестер Юнайтед” – 1,42 миллиард евро
“Челси” - 941 миллион евро
“Боруссия Дортмунд” - 654 миллион евро