"Газпром нефт - Тоҷикистон" соҳиби ҷоизаи “Беҳтарин андозсупорандаи сол” гашт
30.01.2026
Oila.tj
94

Бо ибтикори Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳмонхонаи Crowne Plaza чорабинии бошукӯҳ баргузор гашта, беҳтарин андозсупорандагони сол муайян карда шуданд.

2_17

Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ муовини аввали раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Аюбҷон Маъруф ифтитоҳ намуда, дар бораи нақши андозсупорандагон дар таъмини буҷаи мамлакат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, беҳтар гаштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ободонии Ватан сухан ронд.

3_14

Ҷоизаи “Беҳтарин андозсупорандаи сол” насиби ширкати овозадори "Газпром нефт - Тоҷикистон" гашт, ки 43 нуқтаи фурӯши сӯзишвориро дар шаҳри Душанбе, навоҳии тобеи марказ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд идора менамояд.

4_13

Директори генералии "Газпром нефт - Тоҷикистон" Мирзоев Фарҳод Султонбекович бо арзи миннатдорӣ ҷоизаро аз дасти муовини аввали раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюбҷон Солеҳзода гирифта, гуфт: “Соҳиб шудан ба ин ҷоиза барои ширкати мо боиси ифтихор аст. Гуфтанӣ ҳастам, ки "Газпром нефт - Тоҷикистон" танҳо як ширкати тиҷоратӣ нест, балки масъулияти иҷтимоӣ низ дорад. Мо дарк мекунем, ки андозҳои супурдаамон барои маоши омӯзгорон, табибон, сохтмони роҳҳо ва таъмини амнияту бехатарии кишварамон сарф мешаванд ва ифтихор менамоем, ки саҳми худро дар буҷаи мамлакат мегузорем. Бузургтарин сармояи ширкати мо боварии мизоҷони сершумор аст. Ҳамарӯза ҷамъ шудани корвони мошинҳои зиёд дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории "Газпром нефт - Тоҷикистон" аз он шаҳодат медиҳад, ки ронандагон ва дӯстдорони автомобил ба мо боварӣ доранд. Мо ҳаргиз ба мизоҷони сершумори худ, ки солиёни зиёде бо мо ҳастанд, хиёнат намекунем ва ба боварии онҳо сазовор мемонем”.

5_15

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД