arzon replenishment
Гемофилия дар Тоҷикистон. Пешравӣ ва камбудиҳо
454

 

Дар ҷумҳурӣ 820 нафар гирифторони Гемофилия ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 42, 5 фоизашро кӯдакон ташкил медиҳанд. Дар соли 2023 ҳамагӣ 6 талафоти ҷонӣ буд.

Бо дастгирии Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт маблағгузорӣ сол то сол афзоиш ёфта истодааст ва дар соли ҷорӣ сад фоиз зиёд карда шуд. Соли 2023 агар 1 миллион сомонӣ бошад, имсол ин маблағ ба 2 млн расид.

Ин нукта дар конфронси илмӣ-оммавӣ, ки зери унвони “Гемофилия ҳукм нест" бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии Гемофилия, ки имсол 60-умин солгарди онро таҷлил намуданд, қайд гардид.

Наҷиб Азизӣ, раиси Ташкилоти ҷамъиятии гемофилҳо дар суханронии хеш қайд кард, ки дар Тоҷикистон соли 5-ум аст, ки Рӯзи умумиҷаҳонии Гемофилияро қайд мекунанд. Солҳост, ки беморони гемофилия ба таври ройгон аз маводҳои зиддигемофилия, аз қабили хун, плазма, зардоби хун истифода мебаранд. Аммо таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон дод, ки чунин тарзи табобат аксари беморони гемофилияро ба бемориҳои сироятӣ рӯ ба рӯ гардонидааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин навъи табобат даст кашида, ба муолиҷаи факторӣ рӯ овардаанд.

Соли 2023 ба маблағи 1 миллион сомонӣ факторҳои 8 ва 9-уми хунро харидорӣ намуда, имсол, яъне соли 2024 бошад, ин маблағ ба маротиб зиёд шуда, ба 2 миллион сомонӣ расонида шуд. Дар ин замина Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои харидорӣ намудани факторҳои 8-9 тендер эълон кардааст.

Бекназар Раҳимов, сармутахассиси бемориҳои хуни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ин маврид қайд кард, ки дар кишвар шуъбаи гемотологӣ дар Маркази миллии тиббии “Шифобахш” фаъолият мекунад, ки он барои муоина, табобат ва нигоҳубини беморони гемофилия равона шудааст. Ҳамчунин дар вилояти Суғд шуъбаҳо ва ҳуҷраҳои гемотологӣ барои калонсолон фаъолият мекунанд. Ба ғайр аз ин дар шуъбаи калонсолони вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 5 кати хоб барои кумак расонидан ба беморони гемофилия таъсис дода шудааст. Дар маҷмуъ дар кишварамон 31 нафар мутахассисони соҳаи гемофилия фаъолият мекунанд.

Соли 2022 дар шаҳри Хуҷанд 49 нафар гирифторони бемории гемофилия бистарӣ шудаанд, ки аз он 29 нафарашон гирифтори гемофилияи А, 8 нафарашон гемофилияи Б ва ду нафар бемории Вилибран будаанд.

- Дар шуъбаҳои гемотологии калонсолон 70 бемор бистарӣ шудаанд. Дар ҳамин давраи соли гузашта, яъне соли 2023-юм 91 бемор бо ташхиси гемофилия бистарӣ карда шуд. Дар семоҳаи аввали соли 2024 бошад, 14 нафар беморон бистарӣ карда шуд, ки 11 нафараш гирифтори бемории гемофилияи гурӯҳи А ва ду нафар гемофилияи Б мебошанд,- гуфт зимни суханронии хеш Бекназар Раҳимов.

Дар баробари пешравиҳо дар самти зикргардида, мавсуф ҳамчунин камбудиҳои ҷойдоштаро гуфта гузашт.

Аз ҷониби намояндагони соҳа пешниҳод гардид, ки табибони мо бо духтурони кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон табодул ва омӯзиши таҷриба намоянд. Дар вилояти Хатлон барои муайян кардани факторҳои хун ташхисгоҳ ташкил карда шавад.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ бемории гемофилияро бемории ниҳоят хатарнок номида, харидорӣ кардани маводҳои лозимаро барои ин гурӯҳи беморон ниҳоят муҳим номидааст.

Ҳамасола 17-уми апрел Рӯзи умумиҷаҳонии Гемофилия ҷашн гирифта мешавад, ки бори аввал дар Канада таҷлил гардид ва донори асосӣ кишвари Канада мебошад. Гемофилия бемории ирсӣ буда, танҳо мардон ба ин беморӣ гирифтор мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД