goodwell
Ихроҷи муҳоҷирон аз Маскав ду баробар зиёд шудааст
18.08.2026
Oila.tj
74

Дар нимаи аввали соли 2026 аз шаҳри Маскав тақрибан 16 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ихроҷ шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб ду баробар зиёд аст.

Раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин гуфтааст, ки дар шаш моҳи аввали соли 2025 аз Маскав 8,3 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ихроҷ шуда буданд.

Бо вуҷуди афзоиши шумораи ихроҷшудагон, вазъи қонуншиканиҳо аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ тамоюли дигар доштааст. Ба гуфтаи Володин, дар нимаи аввали соли ҷорӣ шумораи қонуншиканиҳои содиршуда аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 40 дарсад коҳиш ёфтааст.

Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки ҳамзамон бо сахттар шудани чораҳои маъмурӣ нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ, шумораи қонуншиканиҳои бақайдгирифташуда низ коҳиш ёфтааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД