arzon replenishment
ИМОМҶОНРО ДУХТУРОНИ БЕМОРХОНА ГАРАВГОН ГИРИФТАНД
4123


Як шаҳрванди 21-солаи тоҷик бо номи Имомҷон Иномовро дар яке азх беморхонаҳои шаҳри Истамбули Туркия барои пардохт накардани маблағи табобат гаравгон гирифтаанд.

Маъмурияти бемористони Мармараи Истамбул гуфтаанд,ки то ин ҷавон 42 ҳазор лираро пардохт накунад,дар беморхона мемонад.
Худи Имомҷон бошад чиптаи ҳавопаймои парвоз ба Тоҷикистонро дар санаи 8-уми октябр харидорӣ кардааст ва бояд ба ватан баргардад.

Имомҷон 7 моҳ қабл барои кор кардан ба шаҳри Истамбули Туркия омада буд,ва инак 28-рӯз боз дар бемористони Мармара аз бемории хун табобат мегирад.Ба гуфтаи наздикони ин ҷавон,онҳо ҳангоми бистарӣ кардани ӯ дар ин бемористон 10 ҳазор лира,ки тақрибан ба 1300 доллари амрикоӣ баробар аст,пардохт карда буданд.Ҳоло бошад маъмурияти бемористон боз Имомҷонро 42 ҳазор лира,ки баробар ба 5 ҳазор доллар аст,қарздор кардаанд.

Наздикони ҷавон мегӯянд,ки тавони пардохти чунин маблағи калонро надоранд ва аз сафорати Тоҷикистон дар Туркия барои ба ватан баргаштани Имомҷони бемор,кӯмак мехоҳанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД