tobiston
Ишқи лақайбача (ҚИСМИ 2)
1056

Дӯзахи хушдоман

Ман ба хотири дидори Алишер ба ҳама чиз розӣ будам, вале гумон надоштам, ки…

Хушдоману хоҳаршӯйҳоям маро бо қавоқҳои дамидаю писханду тамасхур пешвоз гирифтанд, ман фақат дар нигоҳи Алишер меҳрубонӣ медидаму халос. Шаби аввал моро якҷоя карданд, Алишер маро ба сабру тоқат хонда, гуфт:

- Санамҷон, ту зиқ нашав, модарам баъд муносибаташро ба ту дигар хоҳад кард. Ту сабр намо ба хотири ман!

Мо он шаб то субҳ суҳбат кардем. Нав субҳ дамида буд, ки хушдоманам ба хона зада даромаду аз қафояш духтарҳояшу чанд хешу табораш, онҳо далели покдомании ман рӯйҷои хобро талаб мекарданд. Ҳарчанд Алишер ба онҳо мефаҳмонд, ки миёни мо чизе набуд, модараш фаҳмидан намехост. Ӯ маро бо забони худаш ҳақоратҳои қабеҳ карда, ҳамакаса зери мушту лагадам гирифтанд, агар хусураму Алишер намебуданд, шояд зери шаттаи ин ҷоҳилон мемурдам.

Рӯзи аввалини арӯсиям бо сару рӯйи кандаю дили сиёҳ оғоз гашт ва дигар ба сари ман даст бардоштан барои хушдоманам як одати муқаррарӣ шуда монд…

Ғулом

Ман дар ин хонадон ғулом будам, шояд дар даврони ғуломдорӣ низ ба ғуломон ин гуна бераҳмона рафтор намекарданд. Субҳ соати чор аз хоб хеста хонаву дару ҳавлиро рӯфтаю тамиз карда, наҳорӣ тайёр мекардам. Баъд ҳамроҳи шавҳарам ба молхонаи калон, ки ба ферма шабоҳат дошт, медаромадам. То соати даҳ-ёздаҳ оғилҳоро тоза карда, ба ҳайвонҳо обу алаф медодем, боз хона омада, хӯроки нисфирӯзӣ тайёр мекардам. Рӯзе набуд, ки як хоҳаршӯям бо фарзандонаш меҳмон нашаванду хӯрокҳои лазиз фармоиш надиҳанд.

Соли аввали арӯсиям ба ҳамин ба охир расид, аз хонаамон касе суроғам намекард. Бесоҳибиям хушдомани ҷоҳиламро шерак мекарду барои як кори ночиз, чизи дар наздаш бударо сӯям ҳаво медод. Номи ман дар ин хонадон тоҷик буд, худам низ кайҳо фаромӯш карда будам, ки номам Санам аст…

Аз тӯям як сол гузашту писарча таваллуд кардам, Алишер хурсанду хушнуд буд, аз очааш қади аҷал тарсад ҳам, мегуфт, ки оча, ақаллан то баромадани чилаш вайро аз корҳо озод кунед. Хушдоманам писарашро ба занкалонӣ муттаҳам карда, чунон ҷанге бардошт, ки мани зани навзои серӯза аз ҷоям хеста ба кору бор сар кардам…

Бегонадил

Солҳо пайи ҳам мегузаштанд, падару модарам аз дунё гузаштанд, ба ҷанозаашон расида натавониста, баъди як ё ду рӯз мерафтам. Апаҳоям бо ман тамоман бегона шуда буданд. Хусуру хушдоманам низ аз олам гузаштанд, аз фарти кору меҳнати сангин, мани чилсола ба пиразанҳои ҳафтодсола монандам.

Шукри Худо соҳиби чор писари нозанинам, ду нафарашро хонадор кардам, зиндагии тинҷу осуда дорем, писаронам низ чорводоранду чанд дӯкони гӯшфурӯшӣ дорем, вале…

Алишер акнун он марди ошиқе, ки барои ман худашро куштанӣ буд, нест ва аз болои ман зани ҷавони ҳаждаҳсола гирифт. Чун аз ӯ сабаб пурсидам, гуфт:

- Мудом аз баданат бӯйи оғил меояд, Савсан духтур аст ва бӯйи атраш мастам мекунад…

Ман ба ӯ чизе нагуфтам, шукронаи писаронам, вале дар гӯшҳоям суханҳои модарам чун бонги изтироб садо медиҳанд, ки бо гиря гуфта буд:

- Бачам, бегона саги девона, аз фикрат гард… Кӣ медонад дар ғарибиҳо туро байни қавми бегона чӣ интизор аст...

Ман миёни ин қавм аллакай худӣ шудаам, шукронаи писарони паҳлавонам, ки пуштибонам ҳастанд, вале бе дуои падару модар ва бо ёри бегонаам рӯзи хуш надидам…

САНАМ,

Таснифи Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД