sebiston july new
Ишқи тақдирсӯзи бачаи хола Қисми 2
09.07.2022
ОИЛА
1806

Хуршед ҳарфе назада, дасти маъшуқаашро, ки аз андуҳи зиёд харобу хазон шуда буд, гирифту аз хона берун рафт. Падару модари Ҷамила, ки барои хариди тӯй ба бозор рафта буданд, аз нопадид шудани духтарашон дар ҳайрат монданд. Гумон карданд, ки ҳар куҷо бошад, шаб бар мегардад, ба ин хотир ба касе чизе нагуфтанд. Хоҳару бародари Ҷамила, ки ҳангоми омадани Хуршед дар мактаб буданд, аз рафтани апаашон бехабар монданд. Вале чун диданд, ки шаб рӯз шуду аз Ҷамила хабаре нест, ба кофтуков баромаданд. Овозаи гум шудани духтар дар маҳалла паҳн гардид. Шокир ҳам аз шармандагӣ дар байни рафиқон сар бардошта наметавонист. Баъди як ҳафта Хуршед ба модараш занг зад, ки Ҷамила бо уст. Бидуни тӯй ва бе розигии хонавода никоҳ карданд.Волидони хиҷолатзадаи Ҷамила чӣ кор карданашонро надонистанд… Оҳиста-оҳиста вазъият тинҷ шуд. Хуршед бо Ҷамила ба Русия рафта, кор карданду хона хариданд. Ба хонаи падару модар рафта, бо узрхоҳӣ дуояшонро гирифтанд.


Ҳамагӣ ду сол зиндагии ширин доштанд. Агарчӣ давоми ду сол ҳам, фикри бефарзандӣ азияташон медод, вале якдигарро дилбардорӣ мекарданд. Соли сеюм ҳомиладор шудани Ҷамила, шодии дунёро барои Хуршед ҳадя кард.

КӮшиш мекард, болазаттарин чизҳоро ба ҳамсари нозанинаш биёрад. Тамоми нозу нузашро мебардошт. Ӯро ба қавле болои даст мегардонид, то тифлаш солиму солеҳ ба дунё биёяд. Аммо вақте дар пешонии инсон хушбахтӣ навишта нашуда бошад, талош фоида намекардааст. Қисмат Ҷамиларо соҳиби ду фарзанд кард, яке духтару дигаре писар, вале ҳар ду маъюб буданд. Писараш маъюбияти ҷисмонӣ дошту духтараш осеби ақлӣ. Аз табобату дар ба дари духтурхонаҳо гаштан, Хуршед дилгир шуд. Зиндагии ширинашон ба кулбори андуҳ табдил ёфт. Дар осмони офтобии ҳаёташон абри сиёҳи ҳам падидор шуд. Хуршед хулоса кард, кишояд сабаби ранҷи фарзандонаш никоҳи хешу таборӣ бошад. Ё шояд хиҷолатеро, ки замони хонадоршавӣ дар симои падару модар офариданд, натиҷаи ҳамонаст.Хикмати Худовандро муайян карданд кори саҳлу сода нест. Аз фикру андешаҳои зиёд хаста шуд. Тасмим гирифт, ки зани дигаре мегираду шояд соҳиби фарзанди солим мешавад. Хуршед нуқтаи сӯзишворӣ дошт. Аз ҷиҳати молӣ кам набуд.

Тамоми шароит дар хонааш муҳайё буд. Вале андуҳи гарони фарзанд ҷигарашро пора мекард. Ӯ оилаи нав бунёд кард. Дар хонаи алоҳида бо зани нав зиндагӣ мекард. Гоҳ-гоҳе ба дидани Ҷамилаву фарзандонаш меомаду хӯрока меовард. Ба ҳамсараш барои табобати кӯдакон маблағ медод. Аммо дар назари Чамила дигар чизе наметофт. На хоҳиши шунидани садои шавҳарро дошту на дидани чеҳраашро. Аз танҳо мондан дар гирдоби ғами бемории фарзандон эҳсоси хафагӣ мекард.Ашк ҳеҷгоҳ дидагонашро тарк намекард. Писаракаш, ки ақли солим дошту аллакай калонак шуда буд, маъюсии модарро дида, гиря мекард. Кӯдак дар чеҳраи модар фақат ашкро медид, вале шояд он ашк набуд.

Қатраҳои хунбуд, ки аз ҷигари сӯхтаи Ҷамила ҷорӣ мешуд.Мардеро, ки як замон бо ишқу муҳаббат пазмонаш мешуду бо меҳру навозиш ҷонибаш оғуш мекушод, акнун фақат бо нафрат ёд мекунад. Ба рӯзҳои ширине, ки бо ҳам сипарӣ карданд, лаънат мехонд. Дилаш ба аҳволи худаш месӯхт, вале чӣ илоҷ…
«Болои сӯхта намакоб» гуфтанҳои мардум бе ҳикмат набудааст. Қисмат риштаи ҷони духтараки панҷ солаи Ҷамиларо аз дунё канда кард. Агарчи духтараш бемор буду ҷуз ранҷу машаққат подоши дигаре надошт, вале ӯ як пораи ҷони модар буд. Ҳаму ҳасрати духтар ба итмом нарасида, андуҳи бузурги дигаре Ҷамиларо домангир шуд…


Хуршед низ дар зиндагӣ наосуд. Ҳанӯз фарзанди ҳамсари наваш ба дунё на омада, бо сабаби таркидани нуқтаи сузишворӣ, бо ноумедию ҳасрат ин дунёи фониро падруд гуфт. Дунё ба сари Ҷамила чаппа шуд. Оҳиҷон коҳе аз ҷигари сӯхта берун гашт. Нола ба афлок печид. Сутуни зиндагиаш пошхӯрд. Қомати зебову мавзу нашикаст. Тамоми ҳастияшро бо шавҳар ба хок супурд. Фақат ҷисми аз зиндагӣ хастааш дар дунё монду халос.
Иродаи Зиёда

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД