arzon replenishment
ҚИССАИ ШАБ: Кӯдаки маъюб таваллуд карда, ба доми бало гирифтор шудам!
3251


Салом муштариёни азизи сомонаи Оила. ТЧ.
Ман Мунира, сокини шаҳри Ваҳдат, муддати ду сол мешавад, ки ман мухлиси ин сомона ҳастам ва ҳамин ки каме вақти холӣ ёфтам, ҳатман ба ин сомона ворид мешавам. Сабаби ба Оила дил бастанам дар он аст, ки сарнавишти худам барин одамони оддиро бештар менависад. Ростӣ, то ҳамин рӯз ҳеҷ ҷуръат намекардам, ки сарнавиштамро ба касе нақл кунам, вале косаи сабрам аз таънаҳои хушдоману мушту лагади шавҳар лабрез гашт. Ба назарам чунин менамояд, ки агар дарду аламҳои диламро нагӯям, ягон рӯз аз ғам дилкаф шуда мемирам.
“Чашми ошиқ кӯр аст”-гуфтагӣ барин, мани сода дар синни 18-солагӣ ошиқ шудам. Он вақт гумон мекардам, ки дар дунё аз ман дида духтари хушбахт нест. Аҳду паймон, ваъдаҳои осмонӣ, суҳбатҳои тӯлонию орзую умедҳои ширин, хуллас, дунёи пурафсонае доштам он шабу рӯзҳо мани ошиқи шайдо. Волидонам дил дили Зайнаб гӯён, хостгории ҷавони дӯстдоштаамро қабул карда, маро бо хушиву хурсандӣ ба хонаи бахтам гусел намуданд, аммо...
Зиндагии мо, ду дилдода ҳамагӣ ду сол, то тавлиди писарчаамон ширин буд. Бо хости Худованд писарчаам нуқсондор ба дунё омаду рӯзам аз ҳамн лаҳза ба шаби тор табдил ёфт. «Як бачаи шал зоидӣ» гуфта, хушдоманам шабу рӯз маро таъна мезад, болои заҳри забони модараш, шавҳарам гӯё аз алам шароб нӯшида, мурдакӯбам мекард. Хотири бахт ба ҳамааш чашм пӯшида, сару рӯйи сиёҳу кабудамро аз падару модарам пинҳон мекардам ё «шаб пешпо хӯрда афтидам» гӯён, баҳона мекардам. Хомӯшии ман шавҳари бадмастамро торафт бераҳмтар гардонд, акнун бар замми мурданивор заданаш вай ба ман рӯирост хиёнат мекунад. Зиндагии оилавиам ба дӯзах табдил ёфтааст. Аз як сӯ таънаи хушдоман, аз сўйи дигар дашномҳои болохонадори хусур, аз тарафи сеюм алами хиёнати шавҳару аз сӯйи дигар нигоҳубини тифли маъюб, дар байни чор дарё монда, чӣ кор карданамро намедонам. Аз зиндагӣ дар айёми ҷавонӣ сер шудаам, сер, вале ба хотири тифлаки маъюбам ин ҳаёти бе рангу бемаъниро давом дода истодаам. Дар гирдоби андешаҳо дармондаам, агар аз шавҳарам ҷудо шавам, маро бо кӯдаки маъюб кӣ ба хонааш роҳ медиҳад? Сари кафида зери тоқӣ гуфта гаштан гирам, муносибати шавҳарам рўз то рўз бадтару бадтар шуда, гаштаву баргашта гуфта истодааст, ки дар болоям зани дуюм мегирад, то барояш фарзандони солим таваллуд карда, ӯро дар байни дӯсту душман сарбаланд созад. Гапи хонаро ба берун баровардан аз рӯи одоб нест, вале ман маҷбур шудам, ки тариқи сомонаи Оила. ТЧ аз зиндагиям, аз шавҳарам, аз хушдоманам шиква намуда аз шумо, мухлисони сомона, ки таҷрибаи фаровон доред, маслиҳат пурсам. Илтимос,ба ман ягон роҳи дурустро нишон диҳед. Барои дар болоям зан гирифтани шавҳарам иҷозат дода, як умр дар оташи рашк ва дарду алам бисӯзам ё ҳарчи бодо бод гуфта, писарчаи маъюбамро гирифта аз ин ғамхона баромада равам?
Мунира, ш. Ваҳдат

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД