Дар рӯзҳои истироҳат ҳар гуна шириниҳои лазиз пухтану дар гирди дастурхони пур аз нозу неъмат бо аҳли оила сӯҳбати ширин оростан кайфияти хосе дорад.
Бонувони азиз! Ба хотири ширин гузаштани истироҳати аҳли оилаатон имрӯз мо ба шумо тарзи пухтани “Истакончаҳои панирӣ” ва тарзи тайёр крадани хӯриши “Бонапарт”-ро ёд медиҳем.
Маҳсулоти лозима:
400 г панири сахт, 100 г пиёзи сабз, 100 г бодиринг, 100 г ҳасиб (ветчина), 2 тухм, 100 г майонез, 60 г ҷаъфарӣ.
Тарзи таҳия:
Панирро ба таври росткунҷа реза карда, аз он истакончаҳо сохта, бо пиёзи сабз ҳар кадомашро бандеду ба таври амудӣ дар табақ чинед. Ба даруни истакончаҳои панирӣ хӯриши аз бодиринг, ҳасиб, тухми реза ва майонезу ҷаъфарӣ омодашударо пур карда, онро мувофиқи табъи худ оро диҳед.
Хӯриши “Бонапарт”
Маҳсулоти лозима:
60 г картошка, 200 г замбурӯғ, 60 г сабзӣ, 60 г пиёз, 150 г гӯшти мурғ, 100 г панири сахт, 2 тухм, 50 г майонез, намаку мурч, 30 мл равғани растанӣ.
Тарзи таҳия:
Замбурӯғро шуста реза карда, дар тоба бирён кунеду як тараф гузоред. Пиёзро низ реза карда, бирён кунед. Картошкаву сабзии обпазро маҳин реза кунед. Гӯшти мурғро дар об пухта, реза кунед. Тухми обпаз ва панири сахтро аз турбтарош гузаронед. Хӯришро қабат ба қабат тунук карда, аввал картошка баъд гӯшти мурғ, пиёзи бирён, замбурӯғ, сабзӣ, тухм, панирро тунук карда, ба ҳар қабати он майонез молед.