Истироҳатгоҳи “Санги сипар” барқарор карда мешавад
04.11.2025
Oila.tj
156

Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва сармоягузории Матлуб Халифаев истироҳатгоҳи “Санги сипар”, ки дар канори деҳаи Амондараи деҳоти Амондараи шаҳри Панҷакент воқеъ аст, барқарор карда мешавад.

Бино ба иттилои МИҲД-и шаҳри Панҷакент, дар ин бора зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз рафти корҳои барқароркунӣ, аз ҷумла тоза намудани сойи канори истироҳатгоҳ хабар дода шудааст.

Гуфта мешавад, ки истироҳатгоҳи мазкур аз мавзеъҳои писандидаи фароғати сокинон ва меҳмонони шаҳр маҳсуб меёфт ва чанд сол қабл бар асари омадани сел қисмати он корношоям гашта буд. Ҳоло бо ҷалби техникаи калонҳаҷм сойи канори истироҳатгоҳ тоза карда, ҳавзи болопӯшида, хонаҳои фароғатӣ, ошхона, айвону дигар иншооти он таъмиру таҷдид карда, дар ҳудуди он беш аз ҳазор бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД