arzon replenishment
Кафшам аз бачакобӣ ғалбер шуд
1736

Ман падари Ахмедов Мирзомолик бобои Раҳмон. Писарам 44- сола буда, дар Русия муҳоҷир аст. Бо сад умед ӯро зан додем, ки бо ҳамсару фарзандонаш дар айёми пирӣ асои дастамон гардад, вале бахти писарам нахандид. Хонавайрон шуд. Баъди аз занаш ҷудо шудан сарашро гирифта ба Русия рафту бо ҳамин шаш сол беному нишон гум шуд, на занг мезад, на бо воситаи касе аз худ хабар медод. Кафшҳоям аз бачакобӣ сӯрох шуданд. Оқибат кофта-кофта бо азобҳои алиму хуни дил суроғаашро ёфтем ва бо гиряву зорӣ ӯро ба хона овардем. Модараш дар пеши пояш пояндоз партофта ба сараш қанду қандалот пошид, ба мардум ошу нон додем. Хурсанд будем, ки фарзандамонро зиндаву саломат ёфтем ва акнун ба серӣ рӯяшро дида, аз дунё бе ормон мегузарем. Рӯзе писарам ба ман рози дил карда гуфт: «Отаҷон, ман бояд хонаамрор обод кунам!» Чанд духтари беҳтарини деҳаро пешниҳод намудам, вале рад карда гуфт, ки дӯстдоштаи худашро ба занӣ гирифтан мехоҳад. Медонед-ку, занҳо табиатан кунҷков мешаванд, модараш тору пуди арӯсро пурсон шуд. Мирзомолик иқрор шуд, ки як духтари русро дӯст медорад. Ҳамшираи шафқат будааст он духтарак ва аз рӯйи гуфти писарам розӣ будааст, ки боқимондаи умрашро дар Тоҷикистон гузаронад. Модараш хурсанд шуда аз пешонаи Мирзомолик бӯсид. Пиру кампир даст ба дуо бардоштем, ки ҷавонҳо бо ҳамдигар қӯшапир шаванд. Ҳамин тавр писарам «Людмиларо мебиёрам, тӯю тамошо мекунем» гуфта ба Русия рафт. Аз рӯйи ваъдааш бояд моҳи май ба Ватан бар мегашт, вале сол қариб ба охир расиду аз ӯ дарак нашуд. Вақти гусел илтимос карда будам, ки бачаҷон баробари расиданат занг зан, то ману модарат ташвиш накашем, аммо бачаи беандеша ақаллан як бор ҳам занг зада нагуфт, ки отаҷон, очаҷон, ман сиҳату саломат расидам. Модараш меваю қанду қандалоти зиёдеро гирифта монда буд, ки келини урусам биёяд, ӯро зиёфат медиҳам, лекин ин бачаи бепарво ҳама орзую умедҳои ӯро барбод дод. Бечора кампиракам аз ғами фарзанд бемор шудааст. Кораш шабу рӯз дар рӯйи бистари беморӣ гиря кардан аст. Метарсам, ки дарун-дарун сӯхта тамом нашавад. Барои ҳамин ба шумо муроҷиат кардам, то аз ҳамин саҳифаи «Муҳоҷир» ба писарам бигӯям: «Бачаҷон, келинпошшоро гирифта биёр, мо зидди хонадоршавии шумо нестем. Биёед, бо никоҳи мусалмонӣ тақдиратонро бо ҳам пайвандем, баъд дар ин ҷо зиндагӣ мекунед ё дар Русия, кори худатон!

Ахмедов Раҳмон, аз деҳаи Файзиев Султони Мастчоҳи Нав

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
МАШХУРА 2019-06-22, 14:12
Б ехуда нагуфтаанд Дили оча ба бача дили бача ба санги хоро
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
МАШХУРА 2019-06-22, 14:12
Б ехуда нагуфтаанд Дили оча ба бача дили бача ба санги хоро
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД