toyota motors
Келинам шабҳо гум мешавад… (ҚИСМИ 1)
18.04.2026
ДИЛОШӮБ
189

Салом ба хонандагони азиз! Синнам кайҳо аз домони ҳафтод гузаштааст, солҳои зиёде говҷӯш будам. Як зани одии қишлоқӣ, вале ба мутолиа шавқ доштам. Сари пириҳо бо худомӯзӣ дарси ҳарфҳои арабиро аз худ карда, Қуръонхон ҳам шудам. Чун дар нафақааму вақтҳои бекорӣ зиёданд, ҳафтавору маҷаллаҳоро варақ мезанам. Аммо ин ҷо гап сари чизи дигар меравад, ман мушкиле дорам, ки мехоҳам аз хонандагон маслиҳат пурсам. Ростӣ, худам дар кушодани ин муаммо оҷизам…

Чилсола бева мондам...

Ман зода ва парвардаи як деҳаи зебоманзари яке аз ноҳияҳои дурдасти кишвар ҳастам. Дар хонаводаи хубе ба дунё омадааму ба воя расидаам, барои ман маҳфуҳои хиёнату бевафоӣ бегона ҳастанд. Шавҳарамро дӯст дошта хонадор шудааму чилсола бева монда бошам ҳам дигар ба рӯйи марде назар накардаам. Тамоми зиндагиву буду шудамро фидои фарзандон сохтам.

Ҳамсарам хеле ҷавон оламро падруд гуфтанд, он кас сарвари хоҷагӣ буданд, аммо дар замони шуравӣ ман зани раисаму кор намекунам гуфтанӣ гап набуд. Ман ҳам кору бори хонаи сермеҳмони шавҳарро мекардаму ҳам дар фермаи чорводории наздикии хонаамон говҷӯши пешқадам будам. Ордену медалҳои зиёде ҳам дорам, шаш фарзанд дорам, чор духтару ду писар. Духтаронам ҳамагӣ соҳиби маълумоти олӣ, хонаву дари обод ва зиндагии осудаанд.

Азоби танҳоӣ

Бояд бигӯям, ки зиндагиям баъди сари шавҳарам ба замони аз байн рафтани шуравӣ рост омаду хеле азоб кашидам. Фермаи кор мекардаам барҳам хӯрд, писаронам хурд буданд, аммо бо меҳнати ҳалолу миёншикан тавонистам онҳоро хуб ба камол расонам.

Писари калониям донишгоҳи аграриро тамом карду оҳиста-оҳиста фермаи шахсии худро кушод. Писари дуввумам дар донишгоҳ нахонд ва ба тиҷорати бародараш ҳамроҳ шуд, ман дигар кор намекардам. Писари калониро ба духтари ҳамсояаамон, ки ҳамеша дар корҳои хона ба ман ёрӣ мерасонд хонадор намудем, дуввумиро бошад ҷигар-ҷигару дигар-дигар гӯён ба ҷону ҳолам намонда, хоҳарам домод гирифт. Шояд шумо ҳайрон шаваед, вале хоҳарам мисле, ки ба хостгорӣ омаду духтарашро ба зур ба писарам дод. Духтаронам бадзабониву ғайбатчигӣ ва дурӯягии хоҳарамро медонистанду ин пайвандиро намехостанд, аммо ман хоҳари ягонаамро хафа намекунам гуфта розӣ шудам. Ман чор акаву як хоҳар доштам, баъди аз сар рафтани падару модарам мо ғамгусори якдигар будем ва ӯро хеле дӯст медоштам. Дар назарам на ғайбатчигияш метофту на кору бори дигараш…

Кист ҷодугар?

Хулоса бо хоҳарам қудо шудем. Духтараш ба ҷои кутоҳ накардани забони ман дар назди фарзандону келини калонӣ, баракс аз рӯзи аввали омаданаш бо авсунаш ҷанги сардро оғоз кард.

Куртаҳои авсунашро мебуриду бозичаҳои кӯдаконашро дар оташ мепартофту чӣ корҳое, ки намекард. Хоҳарам бошад, “келинат инро ҷоду мекунад” гуфта рӯз намедод. Хоҳарам маро маҷбур кард, ки барои духтараш хонаи алоҳида сохта ӯро ҷудо кунем. Писаронам ба сохтани хонаи алоҳида сар карданд, хонаи дуошёнаи зебо қомат афрохту барои зиндагӣ тайёр шуд. Аммо писаи хурдӣ, “ман аз хонаи падарӣ намекӯчам, акаам кӯчад”- гӯён пояшро дар як мӯза тиқонд. Хоҳарам мерафту меомад, маро маҷбур мекард, ки домодашро ризо кунам барои ба хонаи нав кӯчидан, вале писарам аз гапаш нагашт. Хоҳарам “ин келини хапакат ҷодӯгарӣ карда даҳони ду бачаатро баст” гӯён ҷангу ҷанҷол бардошт, ҳамин вақт писари хурдиям ба хона даромаду гуфт:

- Хола мехоҳед ҳамин хел, нахоҳед ҳозир талоқи духтаратонро медиҳам гирифта баред. Аз ҳамин рӯз пас дар хонаи мо фармондиҳиро бас кунед, ба сари модарам ҳам доду фарёд набардоред. То ҷое медонам ҷодугар шумоед, ҳамеша аз таги болину даруни чойнику таги гилеми хонаи худам тумор меёбаму онро назди Мулло Карим мебарам, ба номи ман асту ба номи занам. Янгаам ягон қадам аз хона берун намемонад, модар надорад, ки мисли шумо барояш ҷодугарӣ кунад, коратон ба янгаи ман набошад!

(Давом дорад)

Бо эҳтиром, хонандаи шумо

Таснифи ДИЛОШӮБ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД